Ман табиб ҳастам ва дар бемористон кор мекунам. Бисёр вақт мешавад, ки теъдоди беморонам зиёд мешаванд ва вақт барои иваз кардани либос намемонад.
Оё бо хилъати духтурӣ намоз хонам иҷозат аст?
Бадриддин, ш. Турсунзода
Посух:
Дар вақти намозхонӣ фарқ надорад, ки либос хонагӣ аст ё корӣ, муҳимаш баданро пӯшонад ва намозӣ, яъне шустагӣ ва тозаву озода бошад. Боқӣ ҳеҷ ишколе нест. Фақат мутаваҷҷеҳ бошед, ки либосатон тоза бошад.