Commerc banl
Намояндаи Тоҷикистон ҳамаи рақибонашро мағлуб кард
797

 

Дар Ҳонгконги Чин мусобиқаи «Hong Kong Asian Open -2024» ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ду бону - Кан Александра зери вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва зери вазни ҷамъи 78 кг муаррифӣ карданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Виктория Киселёва зери вазни ҷамъи 78 кг дар мусобиқаи мазкур таърихсозӣ кард. Зеро ӯ бо мағлуб кардани ҳамаи рақибон ба гирифтани нишони тилло даст ёфт. Ин нишони тилло дар таърихи ҷудои Тоҷикистон аввалин миёни бонувон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Варзишгари дигари кишвари мо Кан Александра зери вазни то 57 кг ноком шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 128 ҷудокор (74 мард, 54 зан) аз 13 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Намояндаи Тоҷикистон ҳамаи рақибонашро мағлуб кард
Commerc banl
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси