Осори бою ғании фарҳангӣ ва анвои таомҳои миллии тоҷикӣ дар Сеул ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 24-25-уми майи соли 2025 бо ибтикори Ҳукумати шаҳри Сеул дар майдони Донгдэмун Ҷашнвораи дӯстии Сеул бо иштироки корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бузурги Корея баргузор шуд. Дар гӯшаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея сокинон ва меҳмонони пойтахти Ҷумҳурии Корея бо таъриху тамаддуни бостонӣ, фарҳанги пурғановат, ҳунарҳои қадимии мардумӣ, либосҳои миллӣ ва ҷозибаҳои сайёҳии мамлакат шинос шуданд.
Бо мусоидати тарабхонаи тоҷикии шаҳри Йонгин гӯшаи таомҳои миллии тоҷикӣ ташкил карда шуда, ба иштирокчиёни фестивал анвои таомҳои лазизи тоҷикӣ пешкаш карда шуд.