1xbet
Намоиши хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар Ҷопон
73

Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон таҳсил мекунанд, дар Фестивали байналмилалии шаҳри Акита иштирок намуданд.

Фестивал бо иштироки намояндагони 20 давлати ҷаҳон доир гашта, донишҷӯёни тоҷик дар он фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ ва таомҳои миллии тоҷикиро муаррифӣ намуданд. Таваҷҷуҳи иштирокчиён ва меҳмононро хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили оши палов, қурутоб, шириниҳои анъанавӣ ва дигар таомҳои маъруф ҷалб намуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни фестивал доир ба дастовардҳои миллӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи намоён доранд, маълумоти муфассал дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД