Дар доираи синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” дар кинотеатрҳои Тоҷикистон беш аз 40 филми машҳури ҳунарии истеҳсоли Русия, Беларус, Молдова, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ намоиш дода мешавад.
Аз ҷумла дар вилояти Хатлон филмҳои “Хонаи фурӯшӣ”, истеҳсоли Қирғизистон, “Қасри сиёҳ”-и Беларус, “Роҳи Бумба”-и Ҳиндустон ва “Шаҳрвандони олӣ”-и Қазоқистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Дар вилояти Суғд филмҳои “Духтари капитан” ва “Фазо”-и Русия, “Дар ҷустуҷӯйи баҳор”-и синамогарони Ӯзбекистон, “Дарахт”-и филмсозони Туркманистон ва “Хоби сурх”-и синамогарони тоҷик намоиш дода мешаванд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намоиши филмҳои “Дар ҷустуҷӯйи ҳақиқат”-и филмсозони тоҷик, “Шоҳзода”-и Молдова, “Пули болои дарёи хушкида”-и Эрон ва “Чанор”-и синамогарони турк ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки синамоҷашнвораи “Тоҷи сомон” ба Рӯзи кинои тоҷик – 16-уми октябр бахшида шуда, зери шиори “Таърихи рушди кинои тоҷик” мегузарад.
Маросими тантанавии ҷамбасти фестивал 19-уми октябр, соати 17:30 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гашта, ғолибон бо ҷоизаҳои синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” қадрдонӣ карда мешаванд.