Commerce bank may-june 2026
Намехоҳам зани дуюм шавам
30.05.2026
Oila.tj
81

Салом хонандагони азизу дардошноям. Медонам, ки ҳар рӯз ба шумо садҳо нома мерасад. Шояд қиссаи ман ҳам барои баъзеҳо як саргузашти одӣ намояд, вале барои ман ин қисса ба сарнавишт табдил ёфтааст. Мехоҳам диламро каме холӣ кунам, зеро дигар тоқати даруни худро хӯрдан надорам. Агар номаамро хонеду ба ман маслиҳате диҳед, шояд роҳи зиндагиям равшантар гардад.

Ман духтари 26-сола ҳастам. Падарам солҳо пеш аз дунё гузашт ва модарам бо азобу машаққат моро ба воя расонд. Дар хона се хоҳару як бародарем. Бародарам ҳанӯз донишҷӯст, хоҳарҳоям хурданд. Азбаски аҳволи иқтисодии хонаамон вазнин буд, баъди хатми донишгоҳ орзуҳои худро канор гузошта, ба кор баромадам. Дар як маркази хизматрасонӣ кор мекардам. Маошам чандон зиёд набуд, вале кӯшиш мекардам, ки ба модарам ёрӣ диҳам.

Рӯзҳоям якранг мегузаштанд. Субҳ ба кор, шом ба хона. На дӯстдухтари наздик доштам ва на касе, ки бо ӯ рози дил кунам. Баъзан ҳис мекардам, ки зиндагӣ аз ман рангу маззаашро пинҳон кардааст. Ҳамсолонам аллакай шавҳар карда, соҳиби фарзанд шуда буданд, ман бошам, танҳо аз паси рӯзгор медавидам.

Ҳамин тавр, як шом тасодуфан аз рақами ношинос ба телефонам занг омад. Аввал гумон кардам, ки иштибоҳ шудааст. Марде бо овози ором пурсид:

- Ин рақами Фарзона аст?

Гуфтам:

- Не, иштибоҳ кардед.

Узр пурсиду мехост телефонро хомӯш кунад, вале намедонам чаро, боз пурсид:

- Хафа нашудед?

Ман хандидам. Аз ҳамон хандаи кӯтоҳ гуфтугӯи мо сар шуд.

Номаш Фирӯз будааст. Дар тиҷорат кор мекардааст. Аввалҳо танҳо баъзан занг мезад, баъд ҳар рӯз аҳвол мепурсид. Оҳиста-оҳиста ба овозаш одат кардам. Ҳатто рӯзҳое, ки занг намезад, худро танҳо ҳис мекардам.

Боре гуфт:

- Медонӣ, ман солҳои зиёд ин қадар бо касе самимӣ суҳбат накарда будам.

Дилам гарм шуд. Касе бори аввал маро муҳим ҳис мекард.

Пас аз як моҳ ӯ пешниҳод кард, ки вохӯрем. Ростӣ, аввал тарсидам. Модарам ҳамеша таъкид мекард, ки ба мардони ношинос бовар накун. Вале намедонам чӣ шуд, ки розӣ шудам.

Рӯзи вохӯрӣ то ҳол пеши назарам аст. Дар як қаҳвахонаи орому зебо маро интизор буд. Вақте даромадам, аз ҷо хеста, бо эҳтиром пешвоз гирифт. Аз синнаш маълум буд, ки аз ман калонтар аст. Либосҳои гаронбаҳо дошт, соати қиматбаҳо дар дасташ медурахшид. Ман бошам, бо як куртаи одӣ рафта будам ва аз хиҷолат чашмонамро боло карда наметавонистам.

Аммо ӯ чунон бо меҳрубонӣ рафтор кард, ки худро озод ҳис намудам.

Он рӯз чанд соат суҳбат кардем. Вақте аз зиндагии сахти ман фаҳмид, оҳ кашида, гуфт:

- Ту духтари бисёр хуб будаӣ. Намедонам чаро қисмат ба ту чунин зиндагиро раво дидааст.

Ин суханҳояш ба дилам расид. То имрӯз касе ба ман чунин навозишомез гап назада буд.

Баъди он вохӯрӣ муносибати мо наздиктар шуд. Ҳар саҳар бо паёми ӯ бедор мешудам, ҳар шаб бо овозаш хоб мерафтам. Гул мефиристод, туҳфа мекард, ҳатто баъзан барои модарам доруворӣ мехарид. Модарам ҳайрон мешуд, ки чӣ тавр якбора мушкили мо камтар шуд.

Аммо як рӯз ҳақиқате ошкор гардид, ки дунёямро чаппа кард.

Он рӯз тасодуфан дар мошинаш телефони ӯро дидам. Зане пайиҳам занг мезад. Дар экран “хона” навишта шуда буд. Дилам ларзид. Вақте пурсидам, чанд лаҳза хомӯш монд, баъд ором гуфт:

- Ман оила дорам.

Ҳис кардам, ки тамоми вуҷудам ях баст. Аз мошин фаромада гурехтанӣ шудам, вале дастамро дошта, гуфт:

- Илтимос, маро гӯш кун.

Он рӯз бисёр гиря кардам. Гуфт, ки занашро дӯст намедорад, онҳоро маҷбурӣ хонадор кардаанд. Гуфт, ки танҳо ба хотири фарзандонаш зиндагиро идома медиҳад.

Ман бовар кардам.

Фикр мекунам, ки набояд бовар мекардам, вале дили ошиқ ақл надорад.

Аз ҳамон вақт зиндагии ман ба азоб табдил ёфт. Ҳар боре ки ӯ занг мезад, хурсанд мешудам, вале баъди суҳбат виҷдонам азоб медод. Пеши назар меовардам, ки дар як гӯшаи шаҳр зане нишастааст, ки шавҳараш бо ман суҳбат мекунад. Ду кӯдак ҳастанд, ки падарашонро интизоранд.

Боре ба ӯ гуфтам:

- Беҳтар аст дигар вонахӯрем.

Ӯ хандид:

- Ту маро дӯст медорӣ. Ман ҳам туро дӯст медорам. Барои чӣ аз бахти худ мегурезӣ?

Пас аз чанд рӯз гуфт, ки мехоҳад пинҳонӣ никоҳ кунем.

- Ман метавонам туро таъмин кунам. Барои ту хона мегирам. Намегузорам аз чизе камӣ кашӣ,- мегуфт ӯ.

Ростӣ, баъзан дилам меларзид. Ман духтари камбағал будам. Ҳеҷ гоҳ зиндагии хуб надида будам. Вақте ӯ дар бораи хона, зиндагии ором ва оянда ҳарф мезад, дар хаёлам худро хушбахт тасаввур мекардам.

Аммо шабҳо хобам намебурд.

Бо худ фикр мекардам: агар имрӯз ба хотири ман аз оилааш дур шавад, пагоҳ маро ҳам тарк намекунад?

Боре пурсидем:

- Агар занат фаҳмад чӣ?

Бо бепарвоӣ ҷавоб дод:

- Бигзор фаҳмад. Дигар коре карда наметавонад.

Ин ҷумла маро тарсонд. Дар овозаш меҳр не, балки худхоҳӣ эҳсос кардам.

Оҳиста-оҳиста шубҳаҳоям зиёд шуданд. Баъзан шабона ба зангҳоям ҷавоб намедод. Субҳ мегуфт:

- Дар хона будам.

Он вақт мефаҳмидам, ки ӯ зиндагии дигари худро дорад. Ман танҳо сояе дар канори зиндагии ӯ ҳастам.

Як рӯз тасодуфан ӯро бо ҳамсараш дидам. Дар бозор буданд. Занаш кӯдаки хурдро дар бағал дошт. Фирӯз барои онҳо мева мехарид. Ҳангоми хандидани кӯдакаш чеҳраи ӯ чунон пурмеҳр шуд, ки дилам фишурда гашт. Бо худ гуфтам: “Наход ин мард зану фарзандашро дӯст намедошта бошад?”.

Он шаб то саҳар гиря кардам.

Бори аввал худро гунаҳкор ҳис намудам. Ман мехостам бахти зани дигарро вайрон кунам. Мехостам кӯдаконро аз меҳри падар маҳрум созам.

Баъди чанд рӯз Фирӯз боз аз никоҳ гап зад. Гуфт:

- Ман дигар интизор шуда наметавонам.

Аммо ин дафъа дар дилам чизе шикаст.

Гуфтам:

- Ман намехоҳам зани дуюм шавам.

Ӯ асабонӣ шуд.

- Пас ин ҳама вақт маро фиреб додӣ?

Ором ҷавоб додам:

- Не. Ман худамро фиреб медодам.

Баъди он суҳбат дигар муносибати мо сард шуд. Ӯ камтар занг мезад. Ман ҳам дигар паём намефиристодам. Гарчанде дилам месӯхт, кӯшиш мекардам аз ӯ дур шавам.

Имрӯз чанд моҳ гузаштааст. Ҳанӯз ҳам баъзан овозаш дар гӯшам садо медиҳад. Баъзан мехоҳам телефонамро гирифта, ба ӯ занг занам. Вале худро нигоҳ медорам. Фаҳмидам, ки на ҳар меҳрубонӣ муҳаббат аст ва на ҳар ваъда бахт меорад...

ФАРЗОНА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД