Arzon march 2024
Накӯкорон тезтар мемиранд?
642


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин ҳадисро хондам: «Ҳамаатон мемиред, вале ҷони некӯкорони шумо зудтар гирифта мешавад».

Оё ин ҳадиси саҳеҳ мебошад?
Ҷобир, ш. Турсунзода.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ҳадиси мазкурро бо ин лафз пайдо накардем.
Аммо наздик ба ин маъно дар ҳадисе омодааст, ки Баззор онро дар "Муснад"-и худ ривоят карда, гуфтааст: Яҳё ибни Муалло ибни Мансур ба мо нақл кард, гуфт: Ҷунода ибни Муҳаммад Димишқӣ ба мо нақл кард, гуфт: Абдулҳамид ибни Ҳабиб ибни Абу-л-ъишрин аз Авзоӣ аз Зуҳрӣ аз Саид ибни Мусаййиб аз Абуҳурайра ба мо нақл кард, гуфт:
Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Ҳамоно шумо гулчин карда мешавед, ҳамон гуна, ки хурмои хуб аз байни хурмоҳои пастсифат (ва фосиду вайроншуда) гулчин карда мешавад. Некӯкорони шумо (аз ин дунё) мераванд ва бадкорони шумо боқӣ мемонанд. Пас, агар битавонед, бимиред».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД