Аз ҷиҳати хатарнокӣ карнавали бразилӣ ва ё фестивали набард бо помидори испанӣ дар муқоиса бо фестивали “Гӯштпарҳезкунандагон” дар Тайланд ҳеҷанд. Фестивали мазкур ҳар фасли тирамоҳ дар Пхукет мегузарад. Мувофиқ ба тақвими чинӣ имсол фестивал аз 17 то 25-уми октябр баргузор мегардад. Тӯли ин рӯзҳо будоиҳои маҳаллӣ аз гӯшт парҳез мекунанд.
Аз эҳтимол дур аст, ки ин ҷашни сулҳпарварона диққати сайёҳонро ҷалб мекунад, чунки ҷамъи одамон дар ин рӯзҳо ба кӯча баромада, амалҳои берун аз ақли инсониро намоиш медиҳанд, мисли он, ки аз ҷонашон сер мешуда бошад. Наход одами ақли солимдошта ба хотири фестивал шуда, сарӯ рӯй ва забонашро бо теғу корд сӯрох мекунад ва ё рӯйи ангиштсанги сӯзон ва ё нармаи шиша бо пойи луч роҳ гардад. Боз кош танҳо ба корду шамшерхалонӣ қаноат мекарданд, вале мутаассифона онҳо амали аз ин ҳам даҳшатноктарро иҷро мекунанд. Агар одами ношинос дар фестивали мазкур бо чашмони худ аз пеш ҳамаи ин даҳшатро тамошо кунад, бешубҳа гумон хоҳад бурд, ки ин одамон ё аз ҷонашон сер шудаанд ва ё...
Баъд аз корду шамшер халондан, иштирокчиёни намоиш ҳар гуна ашё, аз қабили велосипед, шохаи дарахт ва ё яку якбора чанд кордро ба рӯйҳояшон кашол мекунанд.
Ин гурӯҳ қабила ба он боварӣ доранд, ки гӯё бо ин усули вулаҷаб рӯҳашон тоза мешавад ва то кадом андоза ҷароҳат сахттар бошад, он қадар барои худ ҳаёти абадиро фароҳам меоранд.
Боз аҷибтараш он аст, ки он ашёҳои рӯйчокмекардаро пас аз фестивал аз рухсораҳои худ бароварда, ҳамчун муқаддасот дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд. Доғи захм дар пӯсти рӯй нишонаи ифтихор ва ҳимояи соҳирона, ки дорандаи доғро аз тамоми бадбахтӣ наҷот медиҳад, эътироф гардидааст.
Баъзе аз намоишгарон ба ҳолати трансӣ афтида, аз баданашон хун ҷорӣ мегардад. Дар маҷмӯъ ин намоишҳо даҳшатафзо буда, бовари одам намеояд, ки ҳамаи ин дар ҳақиқат дар асри 21 .рух медиҳанд. Одамони сактаи қалб дошта ва сайёҳони нозукдил беҳтараш ҳангоми баргузории фестивал ба ҷазира нараванд. Нагузоред, то кӯдаконатон низ дар фестивал иштирок намоянд.