Маҳсулоти лозима:
700 грамм гӯшти мурғ, 2 тухм, 50 грамм орд, 150 грамм нонхушки майдашуда, 400 мл равғани растанӣ, қаланфури сурхи кӯфта, 1 қошуқча сирпиёзи хушк.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро реза карда, дар косае тухмҳо лат занед. Дар зарфе орду сирпиёзи хушк ё зиравориҳои гуногунро бо намаку мурч омехта созед. Боз дар як зарф нонхушки майдашударо гиред. Гӯштҳои резаи мурғро аввал дар орд ҷӯлонида, баъдан ба тухми латзада тар кунед. Пасон, онро дар нонхушк ҷӯлонед. Наггетсҳоро дар равғани ҷӯш, дар оташи миёна муддати 5 дақиқа бирён кунед.