Formula novemver 2024
НАФРАТИ АЙНУРА АЗ МУЛЛОҲО
05.11.2020
ОИЛА
4858

Ба муллоҳо нафрат дорам!

...Акаи калониам бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Акаи дигарамро бошад, падарам баъди зани дуюм гирифтанаш ба хонаи ҳамон мулло бурда, ҳамчун шогирд барои сабақомӯзӣ доданд. Ману акаи сеюмам доим гурехта, ба хабаргириаш мерафтем. Гиря мекард, ки азоб дорад. Гурусна мемонду хунук мехӯрд...

Суҳбати хабарнигори моро бо Айнура, тоҷикдухтаре, ки аз муллоҳо дилмонда шудаву ҳоло дар Тотористон зиндагӣ мекунад, аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед!

“Қуръон иҷозат додааст, ки занамро кушам”,-мегӯяд марде, ки писарашро аз назди мактаб дуздидааст

...Аз рӯи гуфти духтарам, шавҳараш ӯро баста, барои дар як соат 1000-1500 маротиба гуфтани ибораи “Аллоҳу Акбар” маҷбур карда, танҳо дар вақти ба кӯдак шир доданаш ӯро озод мекардааст. Дар вақти ба кор рафтани Соҳибов Набиҷон духтарам ва набераамро дар як хона маҳкам карда, барои ба хоҷат рафтанаш як тағора, барои хӯрданаш хӯрока монда мерафтааст, ки ин ҳолат баъзан то 10 рӯз давом мекардааст...

Шарҳи пурраи маводи мазкурро аз шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед ва хонед!!!

Дилноза Каримова: Барои фарзандам то ҳол месӯзам!

...Овозхон мегӯяд, аз марги писари калониаш Диёрбек қариб се сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол барои ҷигарбандаш месӯзад. “Вақт ҳам кӯмак намекардааст. Диёрбек ҳамеша дар дили мо, дар забони мо, дар ёди мост. Чӣ қадар сол гузарад ҳам, ин захм кӯҳна намешавад ва ҷои ӯро ҳеҷ кас намегирад. Лекин тавлиди тифли нав ба оилаи мо шодӣ овард. Номашро Салоҳиддин гузоштем. Ба акаҳояш бисёр монанд аст. Ҳис мекунам, ки Диёрбек дубора ба дунё омад”,-нақл мекунад Дилноза Каримова...

Аз қасди худкушӣ кардани Ҷастин Бибер, даргузашти шавҳари Нуқра Раҳматова ва сирру асрори зиндагии Улуғбек Раҳматуллоев дар саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила”.

Ошиқонро дар моҳи ноябр чӣ интизор аст?

...Росткориву дар ҳама ҷода пешсаф будан бар зарари худатон мегардад. Дар аксари ҳолатҳо шумо ба шахси дӯстдоштаи худ фишор меореду дар натиҷа муноқишаву ҷанҷол сар мезанад. Нафарони муҷаррад ҷуфти худро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пайдо карда метавонанд. Баъзе ошиқон аллакай дар фикри баргузор намудани тӯйи арӯсӣ мешаванд...

Толеъномаи ошиқонаи худро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намуда, аз фазои ошиқонаи худ барои як моҳ огоҳ бошед!

Подшоҳи хунхор ва соҳиби 888 фарзанд

...Мулай Абу-ул Носир Исмоил ас-Сабин ибни Шариф (1645-1727), дувумин ҳокими сулолаи Алавитҳои Марокаш аз соли 1672 то соли 1727 ҳукмронӣ кардааст. Барои бераҳмӣ ва ҷангҳои бераҳмонааш ӯро “подшоҳи хунхор” низ мегӯянд. Ин мард ба Китоби рекордҳои “Гиннес” ҳамчун падари серфарзандтарин дар ҷаҳон сабт шудааст, ки шумораи фарзандонаш 888 нафар (340 духтар ва 548 писар) гуфта мешавад...

Шарҳи ин ва дигар далелҳои ҷолибро аз саҳифаи “Наход?!”-и ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД