Тавре вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, як марди 48-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби пирамарди 84-солаи сокини шаҳри Душанбе, 4 ҳазору 650 сомониро дузида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.