Сафарбарсозии ҳоҷиён ба зиёрати Каъба оғоз ёфт, вале..
Ҳаҷ яке аз рукнҳои асосии ислом буда, ҳар як фарди мусалмон кӯшиш мекунад, ки ақаллан як маротиба дар умраш ба зиёрати хонаи Худо равад, аммо тӯли се соли охир бо сабаби пандемияи коронавирус дарҳои Қаъба ба рӯйи зоирин баста буданд.
Инак, пас аз интизориҳои тӯлонӣ толибони ҳаҷ метавонанд ба сафари ҷойҳои муқаддаси Маккаву Мадина рафта, тавофи Хонаи Каъба намоянд, вале...
Шарту шароити ҳаҷ имсол барои зоирини тоҷик чи гуна аст?
Квотаи ҳаҷ ҷудо шуд, аммо...
Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 3562 квота ҷудо намудааст. Тавре ки Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну марсими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд:
“ Хабар дар бораи дар мавсими ҳаҷҷи соли 2022 ҷудо шудани 3562 квота барои зоирин аз Тоҷикистон тариқи интернет дар саҳифаи фейсбукии масҷиди Хуррамайн Шарифайн дарҷ гашта бошад ҳам, ҳанӯз аз Арабистони Саудӣ дар ин хусус номаи расмӣ нарасидааст, вале новобаста ба ин, кор дар ин самт аллакай шурӯъ гашта, омодасозии зоирини тоҷик ба маросими ҳаҷ оғоз ёфтааст.”
Киҳо имсол ба ҳаҷ мераванд?
Тибқи иттилоъи расида, имсол пеш аз ҳама, афроде, ки ҳанӯз соли 2019 бояд ба зиёрати Хонаи Худо мерафтанду бо сабаби пандемия, баста шудани марзҳо ва дари Хонаи Каъба монеъи амалӣ гаштани ин нияти хайрашон гашт, ба ҳаҷ хоҳанд рафт. Мушкилот дар он аст, ки соли 2019 барои зоири тоҷик Арабистон ҳудуди 6000 квота ҷудо карда буд, имсол бошад, шумораи квотаҳо қариб ду баробар камтар буда, рақобат байни толибони зиёрати Каъба хеле шадидтар гаштааст.
Мӯйсафедон ба ҳаҷ рафта наметавонанд?
Ҳаҷ кардан яке аз 5 рукни асосии ислом бошад ҳам, мардуми тоҷик асосан баъди ба нафақа баромадан, яъне дар давраи калонсолӣ ё ба таври дигар бигӯем, мӯйсафедӣ нияти зиёрати Хонаи Худо-тавофи Каъба менамоянд, аммо имсол имкони сафари ҳаҷ барои солмандон хеле маҳдуд карда шудааст. Арабистон имсол ба нафарони синну солашон аз 65-сола боло имкон ва иҷозати ҳаҷ карданро намедиҳад.
Мӯйсафедон ва занҳои аз 65-сола болое, ки аз соли 2019 дар навбати сафари ҳаҷ ҳастанд, номашон ба таври автоматӣ аз рӯйхати зоирин хат зада мешавад.
Тести коронавирус супоред!
Афроде, ки нияти зиёрати Хонаи каъбаро доранд, бояд дар дасти худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гирифтани вояҳои воксинаҳои зидди коронавирусро дошта бошанд ва 72 соат қабл аз сафар тести Ковид супурда, натиҷаи манфии онро бигиранд. Бидуни ин ду ҳуҷҷат ба зоирин иҷозати қадам ба сарзамини шоҳигарии Арабистон гузоштан дода намешавад.
Нархи ҳаҷ чанд аст?
Арзиши аниқи зиёрати Хонаи Каъба ва маросими ҳаҷ ҳанӯз муайян карда нашудааст. Соли 2019 қимати сафари ҳаҷ каме бештар аз 35000 сомонӣ буд, вале бо дарназардошти баланд рафтани қарби доллар имсол шояд арзиши пулии зиёрати Хонаи Каъба бештар шавад.