Arzon march 2024
Мӯйсафеди туҳматчиро худо заду... Қисми 2
1476

-Далел..? Шоҳид..? Ту қарзи гирифтаи падаратро ба гардан гирифтӣ тамоми дар ҷаноза будаҳо шоҳиданд, ҳамин кифоя нест?- асабонӣ шуда гуфт мӯйсафед..

- Инҳо шоҳидоне ҳастанд, ки рӯзи ҷаноза Шумо падарамро қарздор баровардед. Ба ман далел ё шоҳиде лозим аст, тасдиқ намояд, ки падарам аз Шумо қарз гирифта буд.
- Хуб. Пас ман забонхатеро, ки падарат навиштааст ба ту нишон медиҳам. Дар ҳолате, ки тамоми қарзро баргардондӣ, метавонӣ забонхати падаратро гирӣ!
- Бобо Шумо ба хонаатон равед, ман бегоҳ наздатон меравам, - гуфт ба мӯйсафед Орзу.
Бобои Умед ба Орзу бо шубҳа нигариста афзуд:
- Ту мисли падарат маро фиреб намедиҳӣ?!
-Дар ҳаққи падарам ин тавр нагӯед! Кӣ фиребгар буданаш ҳоло муайян мешавад. Шумо равед, ман ба хонаатон меравам. Мӯйсафед аз ваҷоҳати Орзу каме тарсид ва боз бо мулоимати пештара гуфт:
- Майлаш писарҷон, ман туро мунтазир мешавам.
ххххх
- Модарҷон намехостам ин гапҳоро ба шумо гуфта дилатонро озор диҳам,вале маҷбурам. Медонед, як муйсафед рӯзи марги падарам монеи хондани ҷаноза шуд. Гӯё падарам аз он кас панҷ ҳазор қарз гирифта будаанд. Шумо аз ин хабар доред?
-Бале, хабар дорам, лекин он қарзро падарат баргардонида буданд. Агар хато накунам, одами қарздода Умед ном дорад. Ӯро Умеди муттаҳам мегуфтанд. Падарат хеле пушаймон шуданд, ки аз вай қарз гирифтаанд. Ӯ мисли қаҳрамони асари "Марги Судхӯр" Қориишкамба барин. Нафси дунё чашмашро кӯр кардааст. Падарат рӯзҳо зиқ буданд, ки забонхаташонро аз дасти Умед-муттаҳам гирифта натавонистанд.
-Яъне падарам маблағи гирифтаашонро додаанд?
-Бале, аммо забонхати навиштаашон дар дасташ ҳамон буд. Боре ҳам назди падарат наомад, пул напурсид, вале баъди маргаш забон баровардааст беинсоф...
- Модарҷон ба фикрам ӯ мисли мори хуфта будааст, дар фурсати муносиб ҳамла кард. Акнун ман чӣ кор кунам, ки забонхатро аз дасташ гирам?
-Пули пурсидаашро надеҳ! Ҳеҷ кор аз дасташ намеояд.
-Вале ман дар назди садҳо нафар гуфтам, ки қарзи падарамро ба гардан мегирам, - маъюсона ба модараш нигариста Орзу.
-Писарам, майлаш, агар забонхатро гирифтан хоҳӣ, ман ба ту пул медиҳам. Падарат барои ояндаи туву ҷигарбандонат хеле пул гузоштааст. Аз он панҷ ҳазор медиҳам. Рафта ба Умеди муттаҳам деҳ. Аз дасти вай ҳар кор меояд. Хато накунам, панҷ ҳазоре, ки мегӯяд, аслан қарзи падарат аз он камтар буд, вале падаратро фиреб карда, қарзи гирифтаашро ба таври рибо то ба панҷ ҳазор расонд. Аз ин гап камаш панҷ-шаш сол гузашт, ғайр аз ин падарат пулҳои гирифтаашро баргардонда буд, аммо..
-Майлаш модарҷон бо ин гуна муттаҳамон сар ба сар намешавем. Пули гуфтаашро медиҳам. Барои тӯй гуфта камтар маблағ ҷамъ карда будам, ҳамонро медиҳам. Шумо нигарон набошед, пулҳои меросии падарамро барои додару хоҳарам гирифта монед.
хххххх
Орзу мувофиқи ваъда бо панҷ ҳазор сомонӣ пул ба назди бобои Умед рафт. Бобои Умед ҳам забонхати дар дасташ бударо гирифта ба Орзу мувофиқи ваъда нишон дод.
- Ана ин писарам ҳуҷҷате, ки падарат аз ман пул гирифта буд.
- Ман ҳайронам бобо. Ба сана нигаред, ин қариб 6 -сол пеш аст. То ин вақт падарам бояд пули гирифтаашро бармегардонд, зеро мероси беҳисоберо аз худ гузоштааст. Ба ғайр аз ин шумо наметавонистед то ин вақт мунтазир монед.
-Эй бача, ба инаш ман чӣ кор дорам. Ту пулҳои ба гарданат қарз гирифтаро баргардон, тамом. Боз сабр карда гунаҳкору муттаҳам шудем?!

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД