Arzon march 2024
МӮЙСАФЕДИ ДУХТАРБОЗ
09.05.2021
Оила
14118

 

Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки хона не, ҳамсоя бихар, хушбахтию бадбахтии инсон аз бисёр ҷиҳат ба одамоне алоқамандӣ дорад, ки ӯро иҳота намудаанд. Ҳамсоя бозори ҳамсоя ва ғамхору ғамшарикаш аст.

Рӯзи сахтӣ то хешу таборат аз роҳи дур расида меояд, ки ҳамсояҳои меҳрубон мушкилатро осон менамоянд. Ману ҳамсояам мисли апаю хоҳар ҳастем, шавҳаронамон низ мисли ду бародар бо ҳамдигар қаринанд. Рафту омади зич дорем, новобаста ба ҳама мушкилиҳои рӯзгор ҳатман вақт ёфта, аз дари якдигар медароем ва аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар мешавем. Ман ду писар дорам, њардуяшонро ҳам хонадор кардам. Писари калонӣ бо ањли оилааш дар хонаи алоњида зиндагӣ мекунанду хурдӣ бо мост. Ҳамсояам писарашро хонадор кардааст, вале духтари донишҷӯяш ҳанӯз шавҳар надорад. Маро рафтори ана ҳамин духтар маҷбур кард, ки ба “Оила” муроҷиат намоям.

Духтари њамсоя тез-тез ба хонаи мо меояду бо келинам дугона аст. Чанд рӯз пеш келинам забон хоида гуфт: “Холаҷон, як гапро ба шумо гуфтан мехоҳаму метарсам, ки...” Азбаски келинам аз оилаи одамони бамаънӣ ва бисёр шармгин аст, гумон кардам, ки аз ман чизеро пурсидан мехоҳад. Бепарвоёна гуфтам: “Бачам, гапро, ки кушодӣ, дигар руст накун!” Келин дудила шуда гуфт: “Ин гапро гӯям, алав мондану бадгӯӣ кардан барин мешавад, вале...”

Хулоса, баъди маҷбур кардани ман ниҳоят келин гапашро гуфт. Кошки маљбураш намекардам! Сухане, ки ӯ гуфт, имрӯз боиси саргарангии ман шудааст, дар байни дуроҳа монда чӣ кор карданамро намедонам. Келинам хабар дод, ки шаш моҳ боз духтари ҳамсоя бо як марди калонсол мегардад. Сарзаниш карда гуфтам, ки одам дар бораи ҳамсоя чунин гапҳоро намегӯяд. Келинам қариб гириста гуфт:

“Очаљон, ман ин гапро ба хотири бадном кардани духтари ҳамсоя нагуфта истодаам. Дилам ба падару модараш месӯзад, мабодо ба доми он мард афтида, ягон номаъқулӣ кунад, онҳо сарашонро дар байни мардум чӣ хел мебардоранд?!” Суханони келинам маро ба андеша водор намуданд ва қарор додам, ки рост ё дурӯғ будани ин гапро месанҷам. Аз паси духтари ҳамсоя поида чанд бор бо ду чашми худам дидам, ки як марди калонсоли мӯйи сараш сап-сафеди ҳатто аз падараш ҳам калон ўро бо мошини бадвоҳимаи хориҷиаш то наздикии бинои истиқоматиамон оварда фароварду ҳангоми хайрухуш аз лабонаш бӯсида рафт. Бо дидани ин манзара мӯйи баданам виҷиррос зада рафт ва рақамҳои мошинро ба писарам, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, дода хоҳиш намудам, то ба кӣ тааллуқ доштани ин мошинро фаҳмад. Писарам ҳайрон шуда пурсид, ки соҳиби ин мошин ба ман чӣ даркор аст. Баҳона пеш овардам, ки чанд рӯз пеш дар роҳ маро қариб зер карда буд. Ду рӯз пас писарам хабар овард, ки мошин аз они як бойбобо аст ва таъкид кард, ки минбаъд танҳо ба ягон ҷо наравам, чунки ин одамони пулмаст одамро одам ҳисоб намекунанд ва дилашон хоҳад, зада мекушанду мурдаатро партофта мераванд. Чанд рӯз шуд, ки сарҳисоби корамро гум кардаам, мехоҳам ин гапро ба ҳамсояам бигӯям, вале метарсам, ки духтари маро туҳмат мекунед гуфта наранҷад. Соҳиби мошин аз духтари ҳамсояам 35 сол калон будааст, намедонам ин духтараки гул барин зебо, ки нав ба 20 қадам ниҳодааст, дар ин мӯйсафед чӣ ёфта бошад, ки мисли ширеш ба ӯ часпида гирифтааст. Аллакай дар байни мардум дар бораи ин духтар ҳар хел миш-мишҳо пайдо шуда истодаанд, агар ман ба лабам кулӯх молида гардам ва ин мӯйсафеди духтарбоз сарашро гаранг карда, ҳаёти духтаракро сӯзонад, худамро як умр бахшида наметавонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Маҳбуба Холиқова, сокини шаҳри Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД