(Давомаш)
Зани дар оташи рашку алам сӯхтаистода чӣ хел ба ҳамом даромаданашро нафаҳмида монд. Вай бо чашмони пуроб зарфи бензинро бардошта, 5 литр сӯзишвориро якбора ба сараш рехт ва….
Баробари фурӯзон гаштани гӯгирдчӯб оташ аланга зада ба сару рӯйи Раъно часпид. Сӯзиши ҷонкоҳи пайкараш занро ба худ овард ва ҷонҳавл худро ба берун зад. Акнун ӯ бо тамоми овоз дод гуфта, одамонро ба ёрӣ мехонд: Сӯхтам, сӯхтам, эй вой ҷонаки ширинам месӯзад, ёрӣ диҳед! Сӯхтам, ёрӣ диҳед… ёрӣ диҳед!!!!
Фиғони ҷонкоҳи холаи Раъно ва бӯйи бади равғани бадани одамизод дар як дам ба фазо паҳн гашта, ҳаққу ҳамсояҳо ҷониби хонаи Азиз давиданд, вале…
Раънохола аллакай ба гулхани фурӯзоне табдил ёфта буд, ки аланга зада месӯхт. Ҳар бори расидани шамол алангаи оташ бештар мегашт.
-Мурдам, мурдам, илтимос, ёрӣ диҳед! Худоё, ин чӣ кори кардаам буд,-фиғон мекашид аз байни гулхани фурӯзон Раънохола ва ҷонҳавл худро ба ҳар сӯ зада, рӯ-рӯи ҳавлӣ медавид...
Ҳамсояҳо гилеми калонеро дар об тар карда ба бадани Раъно печонданд ва бо як азоб оташро хомӯш карданд, аммо дар байни чанд лаҳза оташ ин зани зеборо аллакай ба ғӯлачӯби сӯхта табдил дода буд. Ҳамсояи девордармиёнашон зуд ба писару духтарҳои Раънохола занг зада, онҳоро аз фоҷиа хабардор намуд. Фурсати интизор шудан набуд, ки кай шавҳару бачаҳои кампир расида меоянд. Ҳамсояҳо ҷисми ба мисли ангиштсанг сиёҳшудаи пур аз обилаю хуни Раъноро бо азоб ба мошин бор карда ба беморхона бурданд…
Дар байни маргу зиндагӣ
Оташ кори худро карда, ҳоли Раъноро чунон табоҳ гардонида буд, ки одами дидагӣ гиребони тавба медошт. Табибон баъди муоина ошкоро гуфтанд, ки 80%-и баданаш сӯхтаву зинда монданаш ба гумон аст. Писарҳои Раънохола дар ба дари дорухонаҳо давида, дорую дармон мекофтанд, духтарҳояш бошанд, зор-зор гиря карда мегуфтанд: «Очаҷон, охири чаро ба ҷони худатон ҷабр карда ин корро кардед?!» Раънохола дар байни маргу зиндагӣ қарор дошт, вале дар баданаш ягон ҷойи обод намонда бошад ҳам, ҳушаш ҳанӯз дар ҷояш буд. Кампир аз сӯзиши дард лабҳои даҳшатангез гаштаашро газида, бо овози базӯр шунаво пичиррос зада мегуфт: «Рашк зӯрӣ кард бачам, рашк зӯрӣ кард. Дар дами пирӣ ба болои ман по монда, думи як беваи ҳайдавро гирифтани ин мӯйсафеди беҳаё ба иззати нафсам сахт расид. Ин мардак зан гирифтанӣ, ки будааст, барои чӣ дар давраи ҷавониаш нагирифта, дар дами пирӣ ҳам ману ҳам худашро шармандаю маро ангуштнамои мардум гардонд….»
Ғарию пешхезӣ
Қарибиҳои шом Азиз аз куҷое пайдо шуда омад. Табибони аз асли гап бехабар иҷозат доданд, ки мӯйсафед як бор назди кампираш дарояд. Азизи беинсоф ба болои сари занаш омад ва ҷойи бахшиш пурсидан ба Раънои акнун ба кундаи нимсӯхта табдилёфта, ки тамоми баданаш пур аз обилаю зардоб буд, бо заҳрханда нигоҳ карда писханд зад:
-Ҳа, чӣ хел будааст сӯхтан?! Акнун оташи рашкат паст шуд ё не?!
-Ман мемирам, акнун ту медониву ҳамон беваи садшӯя,-рӯяшро бо азоб ба тарафи девор гардонда, пичиррос зад Раъно-хола.
-Хаёл мекунӣ, ки ту мурӣ, ман мотам мегирам? Ҳафту чилатро надода, зани навамро ба хона мебиёрам, ана баъд бо Дилбарҷон…
-Гӯрат даргирад, пиракии бе имон! Илоҳо некиҳоям чашмонатро кӯр кунанд. Худоҷон, ман мемирам, вале ин беинсофро ба зан зор гардон! Илоҳо, девона шуда, мисли чуғз дар вайрона танҳо монӣ ва ахлотатро ба сару рӯят молида хоб равӣ,-нолишкунон мӯйсафеди бераҳмашро дуои бад кард Раънохола…
Ҳамшираи шафқат, ки ба гӯшаи чашм ба ин зану шавҳари солхӯрда нигариста, гуфтугӯи онҳоро мешунид, бо ғазаб аз китфи мӯйсафеди Азиз гирифт ва «бобо, шумо одам набудаед-ку» гӯён, ӯро аз палата берун кард….
Хазони умр
Алангаи оташ бар Раънои мубориз ғолиб омада натавонист, вале суханони охирини шавҳараш тири ҷонсӯзе буданд, ки риштаи умри варо буриданд. Баъди рафтани Азиз ҳоли Раъно тамоман бад шуда монд, табибон ҳарчанд даву тоз карданд, дигар ягон дорую дармон кӯмак расонда натавонист. Холаи Раъно дигар ҳатто чашмонашро намекушод. Табибон оқибат надоштани беморро дида, ба писару духтарҳои Раъно-хола маслиҳат доданд, ки модарашонро ба хона баранд, чунки аз умри ӯ фақат соатҳои башумор боқӣ мондаанд…
Ҷисми пур аз хуну зардоби Раъноро ба болои клёнка монда бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба хонааш оварданд. Тамоми фарзандон дар гирди модар ҳалқа зада, хомӯшона оби дида мерехтанд. Фақат писари калонии Раъно-хола дар Русия буд, вале соатҳои сеи шаб расида омад. Модар гӯё аз дар даромадани писари роҳдурашро ҳис карда бошад, баробари ба хона даромадани Абдулло чашмонашро кушод.
-Очаҷон, ман омадам,-бо садои гиряолуд дар бехи гӯши модараш пичиррос зад Абдулло.
-Туро дидам писарам, акнун Худо ҷонамо гирад ҳам, ормон надорам,-овози модар базӯр ба гӯш мерасид.
-Очаҷон, барои чӣ ин корро кардед, охир…
-Тақдир писарам, тақдир ҳамин будааст,-Холаи Раъно базӯр дасти пуробилаашро дароз кард, то ашки чашмони писарашро тоза кунад. Пораҳои пур аз хуну зардоби гӯшти сӯхтаи дасти модар дар рӯхсораи Абдулло часпида монданд.
-Очаҷонам, очаҷони гул барин зебоям, охир чаро ба ҷони худ раҳм накада, ин корро кардед?!-дигар тоқати дидани ин манзараро накарда, фиғон кашид Абдулло ва мисли занҳо бо тамоми овоз гиря кард…
-Гиря накун бачаҷон, гиря накун. Падару модармурӣ мерос аст, мерос,-инро гуфта Раънохола нафаси чуқуре кашид ва чашмонашро аз ин дунёи бевафо абадан пӯшид. Ба китфаш афтидани сари модарро дида, фиғони фарзандон ба фалак печид…
Кампирарӯс
Фарзандонаш ҷисми пур аз хуну зардоби Раънохоларо бо нолаҳои зор ба хок супориданд. Баъди марги модар духтару бачаҳояш ба Азиз нафрат пайдо карда, дигар ҳатто рӯи падари занбозашонро дидан намехостанд, вале аз рӯйи мақоли машҳури «падар хук шавад ҳам, хуб бонӣ кун» амал намуда, эҳтироми ӯро ба ҷо меоварданд. Мӯйсафед аз хомӯшии бачаҳояш шердил шуда, баъди се рӯзи ба хок супурдани ҷасади ҳамсараш ба хона зан овард. Дилбари кампирарӯс гумон дошт, ки зани Азиз мурдаасту дигар ягон кас дар ин хона пишаки ӯро пишт намегӯяд, вале хаёлаш хом баромад. Муҳайё, духтари калонии Раъно-хола бо нафрат сар то пойи «арӯс»-и падарашро аз назар гузоронда бо ситеза гуфт:
-Ҳой кампири маймунбашара, ту чӣ хел ҷуръат карда пою қадами ҳароматро ба ин хона мондӣ?! Ба хубӣ баромада рав, вагарна…
-Духтарам, ин хел нагӯй, чунки Дилбар ба шумо бегона не, модаратон мешавад. Аз ин пас ӯро ба ҷойи модар қабул карда…
-Мо фақат як модар доштем, ки бо ишқу ошиқии бешармонаатон шумо ӯро ба худсӯзӣ расондед!-Бо аламу дард фиғон кашид Муҳайё.
-Дада, ин аҷинаи сархӯрро аз куҷое, ки оварда бошед, зуд бурда ба ҳамон ҷо монед, набошад худи ҳозир ба сараш бензин пошида, ӯро оташ мезанем, то дар гулхани оташ сӯхта, чӣ будани сӯзиши дилу сӯзиши ҷонро фаҳмад,-таҳдид карданд Маҳинаю Миҷгона.
-Даматонро гиред, хӯҷаина ин хона ман ҳастам ва касеро, ки хоҳам, овардан мегирам. Дилбар зани ман аст, хоҳед-нахоҳед аз ҳамин рӯз эътиборан ӯро ба ҷойи модаратон қабул карда, оча мегӯед,-дод зад мӯйсафеди Азиз ба сари духтарҳояш.
-Дада, айбу шармро намедонед, ки маъракаи ҳафти модарамро надода ба хона зан овардед! Ҳаққу ҳамсояҳо зангириатонро фаҳманд, чӣ мегӯянд? Наход ҳамин қадар оташи дилатон баланд бошад, ки ақаллан то чили модарам сабр карда натавонистед,-мӯйсафедро сари инсоф хонд писараш Абдулло.
-Очаи шуморо ман накуштаам! Вай аз рашку итоб худашро оташ зада, саг барин азоб кашида мурд. Очаи шумо мурд гуфта бе зан мегирдам, охир ман мард ҳастам,-ситеза кард мӯйсафед ва дигар ба қошу қавоқи фарзандонаш аҳамият надода, арӯсашро ба хона даровард…
Ҷазои моиндар
Бегоҳ мӯйсафеди Азиз зани навашро дар хона танҳо гузошта ба мағоза рафт, то ки барои Дилбари ба ҷону дил баробараш торту шоколад ва хӯрданиҳои бомазза биёрад. Муҳайё, ки бо дидани моиндар хун ба сараш зада буд, аз дар баромадани падарашро дида ба назди Дилбар даромад ва бо нафрат ба рӯи моиндараш нигоҳ карда гуфт:
-Ҳой занаки беҳаё, ман ба ту гуфта истодаам, ки ҷигари пурхуни моро бештар хун карда дар ин ҳавлӣ ҷавлон назан. Ба хубӣ баромада рав, набошад аз ин хона мурдаатро ба замбар бор карда мебаранд!
-Ба ман даст расонда бин! Аз ин пас хӯҷаини ин хона танҳо ман ҳастам. Сафсаттахониро бас накунед, ба падаратон мегӯям, ки ҳамаатонро аз ин хона даъф кунад,-таҳдид намуд бешармона Дилбар.
Косаи сабри Муҳайё лабрез гашт ва мисли модашери хашмгин ба ин саги дайдуи кӯчагӣ, ки мехост онҳоро аз дар берун кунад, дарафтода, аз мӯйи сараш кашолакунон Дилбаро зада-зада ба ҳавлӣ баровард.
-Ёрӣ диҳед, ёрӣ деҳед, охир ин девона маро мекушад,-фиғон мекашид кампирарӯс, аммо касе ба имдодаш намерасид.
Ҳаққу ҳамсояҳо ҷамъ шуда, занозании Муҳайёро бо моиндараш тамошо мекарданд, вале касе дар фикри халос карданӣ онҳо набуд.
Муҳайё, духтари ҷавону бузбалаи боқувват ба болои Дилбар савор шуда, мӯйҳои ӯро қабза-қабза канда мегирифт ва бо ғазаб ба сару рӯяш мушт зада мегуфт: «Ҳоло ту моро аз хона берун мекунӣ-а?! Касофати сархӯр, гумон накун, ки очаи ман мурду ин хонаву дар насиби ту беваи ҳаром мешавад. Гӯратро зинда ба зинда меканам…»
Дилбар ба халосгар зор шуда, бо сару рӯйи харошидаю пурхун зорию тавалло мекард, ки ӯро сар диҳад, вале Муҳайё аз ғазаб ба модагурги бадхашм табдил ёфта буду нолаю фиғони ӯ ба гӯшаш намедаромад…
Падар паиндар гашту…
Мӯйсафеди Азиз бо халтаҳои пур аз мағоза баргашта дар дил ният дошт, ки имшаб бо арӯси наваш кайфу сафо мекунад, вале аз дарвоза даромада, бо дидани тамошобинони бешумору занозании Муҳайё ва Дилбар ҳуш аз сараш парид. Вай зуд халтаҳои пурборро ба замин партофта ба имдоди маъшуқааш шитофт ва бо як азоб Дилбари сару рӯяш пур аз хунро аз чанголи духтараш, ки ҳамоно мисли модашер ғуррос мезад, халос кард.
-Аз ду якеро интихоб кун, ман ё фарзандонат! Ман бо ин ваҳшиҳо дар зери як бом зиндагӣ кардан намехоҳам,-инро гуфта Дилбар ба хона даромад ва либосҳояшро гирифта қасди рафтан кард.
-Касофатҳои падарлаънат, гуфтам, ки Дилбар акнун зани ман аст, ӯро ба ҷойи модаратон қабул карда, ҳурмату эҳтиром кунед, вале шумо ваҳшиҳо ӯро зада сиёҳу кабуд кардед! Дафъ шавед, баромада равед. Дигар ягонтоатонро дидан намехоҳам! Ин хона хонаи ман аст, дубора қадаматонро ба ин дарвоза намонед, ки поятонро зада мешиканам,-дод зад мӯйсафеди Азиз ба сари фарзандонаш.
Як зани кӯчагиро аз онҳо боло гузоштани падарашонро дида, дили фарзандонаш аз Азиз ях барин хунук шуд ва маслиҳат карда, ҳамаашон аз хона баромада рафтанд…
Нағмаҳои зани эрка
Муҳаё ва хоҳару додаронаш маъракаҳои мотамии модарашонро бо навбат дар хонаҳои худашон мегузаронданд, Азиз бошад, бо зани наваш дар ҳавлии калон танҳо монда, беғамона айшу ишрат дошт. Дилбари эркаи бомазахӯрак дар бадали се моҳ мӯйсафедро тамоман хонахароб кард.
-Занакҷон, кам-кам сарфакор шав, охир бачаҳо қаҳр карда рафтанд, дигар касе нест, ки ба ману ту ёрӣ расонад,-хоҳиш кард як бегоҳ мӯйсафеди Азиз аз зани эркааш.
-Ман бо чою чапотӣ зиндагӣ карданӣ нестам. Зан, ки гирифтӣ, мард шаву зиндагиро сад фоиз таъмин кун,-бо ситеза ҷавоб дод Дилбар.
Хонасалот
Аз тарси он ки занаш қаҳр карда баромада наравад, мӯйсафеди Азиз чизу чораи хонаашро бурда мефурӯхт ва ба пулаш барои Дилбари танноз крему упо, зару зевар, либосҳои қиматбаҳо ва гӯшту ҳасибу шоколад мехарид. Аввал косаю табақҳои зебои Раънохола ба савдо рафтанд, баъд навбат ба қолину палос ва курпаю болин ҳам расид. Ҳамин тавр дар бадали як сол дар хона на ягон мебел монду на телевизору яхдон, зану шавҳар тамоми асбобҳои рӯзгорро фурӯхта пулашро ба ҷиғилдонашон заданд.
Азиз гумон дошт, ки Дилбар то дами марг дар паҳлӯяш мемонад, вале хонасалот шудани шавҳари мӯйсафедашро дида, ин кампири танноз бо Маъруф ном ошиқи ҷавонаш ба Русия фирор кард…
Чуғзи бадмур
Дуои кампири Раъно мустаҷоб гашта, мӯйсафеди Азиз мисли чуғз дар вайрона танҳои танҳо монд. Алами хиёнати Дилбари кӯрнамак, дурии фарзанду наберагон ва азоби тангдастию камбағалӣ оқибат ӯро аз ақл бегона гардонд. Акнун мӯйсафеди бемор ва ақлбохта дар кунҷи хона ба садои пойи одамизод зор шуда мехобид, вале ягон кас дарашро кушода аз ҳолу аҳволаш пурсон намешуд. Вақтҳои охир ваҳмак шуда буд, шабона ба берун барояд, ба назараш чунин мерасид, ки занаш Раъно бо сару рӯйи пуробила аз як гӯшаи ҳавлӣ ба ӯ нигоҳ дорад. Дигар аз тарс шабҳо ба берун намебаромад ва баъзан дар чогаҳаш тар карда, то саҳар ба байни ахлот ғӯтида хоб мерафт. Оре, дуои бади зани мисли фаришта поку зебояш ин мӯйсафеди занбозро гирифта, дар охири умраш хор шуд ва билохира бо ранҷу азобҳои бисёр дар танҳоӣ ҷон ба ҷонофарин супурд. Мурдаи мӯйсафеди Азизро баъди се рӯз ҳамсояҳо пайдо карда, бо даҳону бинии баста ба хок супурданд, зеро ҷасади ин пиракии ишратпараст аллакай бӯй гирифта буд.