Албатта ҳар як инсон мехоҳад худро ҳамеша ҷавон, зебо ва пурқувват эҳсос намояд, вале хоҳ-нохоҳ гузашти вақт осори худро дар сарнавишти одамизод мегузорад. Бо рафтани синну сол қуввату мадори кас кам шуда, нӯри чашм хира мешавад ва дигар наметавонад мисли даврони ҷавонӣ тезбин, тезҳуш ва тезҳаракат бошад. Аз ҳамин хотир сари чамбараки мошин нишастани мардони синну солашон ба ҷое расида хатарнок буда, боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш гашта метавонад. Рӯйдоди хунине, ки рӯзе қабл ба вуқуъ пайвастааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, ки боиси марги одамони бегуноҳ гаштааст, хабар дод. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса рӯзи 25-уми октябр, тахминан соатҳои 13:30-дақиқа сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исмоилов Аҳмад, соли таваллудаш 1948, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба шаҳри Левакант ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Раҷабов Рустам Маҳмадсамиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садамаи хунин ронандаи 73-солаи “Опел-Астра” Аҳмад Исмоилов ва мусофиронаш Исмоилов Маҳмадшариф Аҳмадович, Нуралиев Саъдулло Мастонқулович, соли таваллудашон 1990, сокинони шаҳри Кӯлоб ва мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Бобоҷонов Рамазон Муродович, соли таваллудаш 1994, сокини Кӯшониён, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Раҷабов Р.М. ва мусофиронаш Арзиева Адолат, соли таваллудаш 1959, Алимардонова Улхуной, соли таваллудаш 1960, сокинони ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ва Раҷабалиев Бобоҷон, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.