formula feb 2025
Мӯйсафед шуда, гунаҳкор шудем?
18.02.2025
Oila.tj
1040

Салом! Чанд сол боз дарде маро дарун ба дурун мехӯрд, вале ба гуфтанаш ҷуръат намекардам, аммо чанд рӯз пеш дар сомонаи Oila.tj сарнавишти як марди ҳамтақдирамро хондаму ман ҳам қарор додам, ки ҳар чӣ бодо бод, рози диламро гуфта, маслиҳат мепурсам.

 

Ҳамсари ман 7 сол пеш аз олам гузашт. Раҳматӣ фишори хун дошт ва як шаб фишораш якбора 200 шуда, ба фалаҷи майнаи сар гирифтор гашт. Табибон хеле талош карда бошанд ҳам, ҷонашро аз панҷаи марг наҷот дода натавонистанд.

Ҳамин тавр, занам аз дунё гузашту рӯзи сиёҳи ман сар шуд. Пас аз сари занам фаҳмидам, ки танҳоӣ дарди ҷонгудоз ва ҷигарсӯзе будааст. Аксар вақт шабҳо то саҳар миҷа таҳ накарда ба шифти хона нигоҳ мекардаму дам ба дам оҳи сард мекашидам, аммо дарду алами диламро ба касе гуфта наметавонистам. Ду духтарам бо навбат маро хабаргирӣ меомаданд ва либосҳоямро шуста, дарзмол мекарданду мерафтанд, келинҳо ҳам маро бе нону бе хӯроки гарм намегузоштанд, вале бо ин ҳама худамро хеле танҳо ва ҳақир эҳсос мекардам. Аксар вақт либосҳои тагпӯшамро худам мешустам, зеро медонистам, ки ба келину духтарҳо додани ин либосҳо гуноҳ аст.

Хулласи калом, чанд сол бо ҳамин минвол азоб кашидам ва ниҳоят як рӯз диламро ба писаронам холӣ карда, хоҳиш кардам, ки бароям ягон зан ёбанд. Писари калониам розӣ шуд, вале ду писари дигарам маро мазоқу масхара карда, “шумо алакай пир шудаед. Мӯйсафеда чию зангириш чӣ?!” гӯён, хандиданд. Мазоқ кардани бачаҳоям як алами маро сад алам гардонд, хаёл кардам, ки ба дилам ханҷари тез заданд. Магар ман одам нестам? Магар орзую ҳавас ва билохира, талаботу нафс надорам? Ман ҳам мард ҳастам ва мехоҳам ҳамдаму ҳамрози ғамхору меҳрубоне дошта бошам. Ҷогаҳи писарҳоям ки гарм аст, парвои бистари сарди маро надоранд. Косаи сабрам аз азоби танҳоӣ лабрез гаштааст, вале аз ҳамон рӯз инҷониб дигар дар боби зангирӣ дар назди фарзандонам лаб накушодам.

Шабу рӯз Худоро зорию тавалло мекунам, ки тезтар ҷонамро бигирад, то аз азоби танҳоию безанӣ халос шавам, вале боз чанд соли дигар умр мебинам, инро ба ҷуз офаридгор дигар ҳеҷ кас намедонад.

Сарнавиштамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигарон дарси ибрат шавад ва каме ҳам бошад, мо – мӯйсафедонро фаҳманд. Охир, мард дар кадом синну соле набошад, мард аст ва ба зан, ба ҳамсар ниёз дорад.

Т. М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД