Soranus
Мӯйро чӣ тавр бояд нигоҳ кард?
10.04.2023
ОИЛА
739

Агар мӯятонро ранг карда бошед, ҳамеша онро аз таъсири нурҳои отфоб муҳофизат кунед. Аксаран бонувон ба пӯсти рӯй ва бадан малҳами аз офтоб ҳифзкунанда мемоланд, вале мӯйҳоро фаромӯш мекунанд.

Нурҳои офтоб пигменти табиӣ ва сунъиро месӯзонанду баъдан ба сохти мӯй зарар мерасонанд. Дар натиҷа мӯйҳо хушку беҷон ва бе ранг мегарданд.

Барои аз нурҳои офтоб ҳифз кардани мӯй аз спрейҳои муҳофизатӣ истифода баред. Рафту мӯйҳо аллакай аз таъсири офтоб осеб дида бошанд, барои барқарор сохтани ҳолати пешина аз ниқобу балзамҳо истифода бурда, минбаъд дар зери офтоб сари луч нагардед.
Маслиҳати машшотаро риоя намоед.

Баъд аз он ки мӯятонро ранг мекунед, машшота бояд ба шумо баъд аз рангкунӣ тарзи дурусти нигоҳубини мӯйро нишон диҳад. Танҳо бо ҷиддан риоя намудани қоидаҳои ҷоришуда солимии мӯйро нигоҳ доштан мумкин аст.
Дар аввал аз шустани сар бо оби ҷӯш, оби хлордошта ва шӯр худдорӣ намоед. Таъсири оби ҷӯш, хлордошта ва шӯр ҳолати мӯйҳои хушкро бадтар месозанд. Аз шампунҳои нармкунанда ва безараре, ки ранги мӯйро тоза намекунанд, истифода баред. Ҳамзамон ба мӯйи сар ягон намуди равған намолед.
Агар мӯятонро хушкониданӣ бошед, аз ҳарорати пасти фен истифода баред, ҳарорати баланд боиси хушкшавӣ ва сӯхтани мӯй мегардад.

Нармкунонии мунтазам

Мӯй агар аз об таъмин бошад, ҳамвору нафис мегардад. “Перекись водород”-е, ки барои зард кунонидани мӯй муқаррар гардидааст, ба мӯй имкон намедиҳад, ки намнокиро нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, баъди рангкунонӣ мӯйро ғизо додану намнокиро дар он нигоҳ доштан муҳим аст.

Баъди ҳар дафъаи саршӯӣ ба мӯй балзам моледу ҳафтае як маротиба ниқобҳои ғизобахшро истифода баред. Баъди молидани балзам ё ниқоб сарро ба сачоқи гарм печонида, гармӣ равон кунед. Дар ин сурат мӯй хубтар ғизо мегирад. Сачоқҳои сахту пахтагинро аз 5 дақиқа бештар дар сар печонида нигоҳ надоред, дар акси ҳол мӯйи сар хушк мегардад. Аз сачоқҳои абрешимӣ истифода баред, то ки намнокии мӯйҳоятон пурра хушк нашавад.

Агар мӯятон дурудароз хушк мешуда бошад, беҳтараш онро бо фени ҳарораташ сард ва суръати паст хушк кунонед. Ҳар қадаре мӯятон дар ҳолати намнокӣ зиёд қарор гиранд, ҳамон андоза хушк мегарданд.

Витаминҳо

Ҳолати мӯй, пӯст ва нохун аксаран аз ҳолати ҷисм вобастагӣ дорад. Барои он ки ҳолати мӯю пӯст ва нохун хуб бошад, ғизои дуруст истеъмол кардан лозим аст. Диққати хосаро ба чарбҳои муфид равона созед, он ба ҳолати мӯйҳо таъсири бузург мерасонад.

Ҳамзамон витамин истеъмол кунед. Барои он ки витамини дуруст интихоб намоед, бо табиб маслиҳат кунед. Равғани моҳӣ ва ламинарияро, ки аксарият барои солимии мӯйҳо тавсия медиҳанд, мунтазам истеъмол кардан мумкин аст.

Мӯйро қайчӣ занед

Аксаран нӯги мӯйҳои рангкардашуда гул мекунанд. Рафту шумо дар мӯйҳоятон ҳамин чизро мушоҳида карда бошед, ҷойҳои гулкардаро қайчӣ задан лозим аст. Барои он ки мӯятон гул накунад, беҳтараш баъди рангкунӣ каме нӯги мӯйҳоятонро қайчӣ занед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД