Барои афзоиши мӯй ретсептҳои зиёди халқӣ мавҷуданд ва дар вақташ аз ин воситаҳои дастрас бибиву бибикалонҳоямон истифода бурда, кокулони худро ғафсу мустаҳкам месохтанд.
Гиёҳҳои табииро аз қабили пӯстлохи булут, газна, бобуна, қоқу, дармана, сирпиёз, пиёз истифода бурда, метавон соҳиби мӯйҳои зебо ва пурҷило гашт.
Ниқоб аз пиёз
Ду дона пиёзро кӯфта, ба пӯсти сари худ тунук молида, даҳ дақиқа нигоҳ дореду обгардон кунед. Аз бӯйи баъдан боқӣ мемондаи пиёз натарсед, натиҷааш шуморо ба ҳайрат меорад.
Ниқоб аз мушхор
15-20 г решаи мушхор (лопух) ё 1 қошуқ барги мушхорро дар 250-300 мл оби ҷӯшомада тар карда, болои зарфе, ки дар он об меҷӯшад гузоред ва оташро паст карда, дар буғи об 25 дақиқа нигоҳ доред. Гиёҳоби ҳосилшударо 1 соат қабл аз саршӯӣ ба пӯсти саратон молед. Ин ниқобро дар фасли зимистон молидан хуб аст, чунки дар айёми сармо ҷисм аз витаминҳо танқисӣ мекашад.
Мӯйро аз кӯдакӣ нигоҳубин намоед
Се қошуқ шарбати сабзиро бо 6 қатра шарбати лимӯ омехта карда, ба кӯдаконе ки мӯйҳояшон кам аст, хӯронед, афзоиши мӯяшон хуб мешавад.
Ниқоб аз тухму сабзавот
Як дона тухмро лат занед. Мӯятонро дар оби гарм тар карда, тухми латзадаро ба пӯсти саратон масҳкунон молед. Баъди 5 дақиқа бо оби ширгарм, ки дар он гиёҳҳои зерин: 1 қошуқчагӣ гули садбарг, пудина, барги мармарак (шалфей) омехта шудаанд, саратонро шӯед.
Гиёҳҳоро дар 350-400 мл оби ҷӯшомада дам партоеду 5 дақиқа нигоҳ доред. Ин гиёҳоб танҳо барои пӯсти сар муфид аст.