formula feb 2025
Музди меҳнатро надиҳанд, ба “Телефони боварӣ” занг занед
02.03.2025
Oila.tj
533

Салом! Ман Амриддин, муҳоҷири меҳнатии тоҷик аз шаҳри Маскав. Шунидам, ки барои осон намудани мушкили муҳоҷирони тоҷик “Телефони боварӣ” ба фаъолият сар кардааст. Мехоҳам донам, ки дар кадом ҳолатҳо ба ин телефон занг задан мумкин аст ва умуман кадом мушкилиҳои муҳоҷирони тоҷик тариқи телефони мазкур ҳал карда мешаванд?

Посух:

- Дар ҳақиқат, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия барои ҳалли мушкилоти гуногуни шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия кору фаъолият доранд, телефони бовариро бо рақамҳои зерин фаъол гардонидааст: +7 (495 ) 967 98 44. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, аз соати 9:00 то соати 18:00 ба “Телефони боварӣ” занг зада, дар ҳалли мушкилоти худ кумак пурсида метавонанд. Тариқи ин телефон дархостҳои шифоӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ қабул карда мешаванд.

Масъулини “Телефони боварӣ” дар ҳалли масъалаҳои зерин мусоидат карда метавонанд:

1. Ҳифзу ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ.

2. Танзими муносибатҳои меҳнатӣ.

3. Дарёфти ҷойи кори муносиб.

4. Баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ.

5. Шарҳи қонунгузории Федератсияи Русия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ.

Ба шаҳрвандон мутахассисони соҳа посух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд.

Намояндагӣ телефонҳои иловагиро вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳавзаҳои федералии Федератсияи Русия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол гардонидааст ва ҳар шаҳрванд, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд вобаста ба вақти корӣ ба рақамҳои дар зер овардашуда дар тамос шаванд:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966)031-22-22,+7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералииПриволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4. Ҳавзаи федералииҶанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77;

5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш.Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909)809-55-48.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД