Ҳамин тавр, Шаҳодат фарошиву мардикорӣ, ношташӯйиву алафдаравӣ карда, яккаписарашро ба воя мерасонад. Ӯ писарашро соҳиби маълумот, ҷойи кор ва оиладор мекунад. Афсӯс, ки келинаш ба Шаҳодат баъди як-ду соли ҳамзистӣ рӯз нишон намедиҳад.
Билохира ӯро ба хонаи пиронсолон меоранд. Бечора кампир ҳар рӯз аз саҳар то бегоҳ писарам маро омада мебарад гуфта, бо ду чашми чор дар айвон менишаст. "Ақаллан як бор писарамро бинам, як бор ҷамоли зебояшро бинам",- гуфта, бо ҳамин армон вафот кард. Ӯ муҳтоҷи меҳр буд. Меҳри фарзанд. Одамизод ҳамин будааст, ба фарзанди худ меҳр медодааст, дар замони пирӣ бошад, худ ба меҳр ниёз пайдо мекардааст.
Қисса кӯтоҳ, кампир вафот кард. Афсӯс, ки фарзандаш мурдаашро ҳам гӯручӯб накард. Баъди чанд сол хабар ёфтем, ки баъди вафоти Шаҳодатхола писараш муфлис шудааст, хонаву дарашро фурӯхта, дар ба дар сарсону саргардон гаштааст. Занаш бошад, фалаҷ шудааст. Худ қазоват кунед, магар онҳоро оҳи ҳамин кампир нагирифт? Шумо ҳам мехоҳед, ки оҳи мӯйсафед, уболи мӯйсафед шуморо гирад,- ба Гулнозаву Орзу муроҷиат карда гуфт Муаззама.
- Э... бас будагист! Ҳар касеву ҳар чизе гуфтаанд, тақдири ҳеҷ кас ба якдигар монанд намешавад. Мо як марду зани каппа-калон, ба насиҳатҳои шумо магар муҳтоҷем? Мо шахси мустақил. Худ медонем, ки чӣ кор мекунем. Ғайр аз ин, хусурамро мо партофта намемонем. Тез-тез аз ҳолашон бохабар мешавем. Танҳо дар хонаи мо зиндагӣ накунанд, шуд,- гуфт келинчак.
- Хуб. Ин аз хоҳиши шумо вобаста. "Муроди мо насиҳат буду гуфтем". Ман бо боварии комил ба шумо мегӯям, ки бошандагони ин ҷой ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нашудаанд ва намешаванд. Шукр, ки давлати азизамон барои онҳо шароити хуберо фароҳам овардааст. Онҳо аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашанд. Бемор бошанд, табобат мекунем. Доимо дар таҳти назорати мо мешаванд. Метавонед аз рӯйи ана ин рӯйхат ҳуҷҷатҳои лозимаро ҳамроҳи хусуратон оред,- варақеро ба Гулноза дароз кард мудир.
- Ана ин гапи дигар. Як соат ба мо "лексия" хонда, беҳуда вақтамонро гирифтед. Ҳаминро барвақттар гӯед, намешуд?
- Лексия,- табассуми малеҳе карда, "эй вой... гӯши суханшунав куҷо, дидаи эътибор-ку?" гуфт мудир.
Гулнозаву Орзу аз ҷой хеста рафтанӣ буданд, ки Муаззама гуфт:
- Эъ... як дақиқа истед. Ана ин лифофаро гиред. Ин нусхаи номаи як мӯйсафед. Як бор ин мактубро ҳам хонед. Баъдан ҳамроҳи мӯйсафед мактубро ҳам меоред.
Муаззама лифофаро ба дасти Орзу дод. Ӯ мактубро гирифту ҳайрон-ҳайрон нигариста, ба кисааш гузошт.
- Хайрият. Ниҳоят падаратонро ҷой мекунем.
- Гулӣ, дилам ким-чихел ғаш. Мудир рост мегӯяд, охир, чаро падарамро ба хонаи пиронсолон ҷой мекунем?
- Уффффф, Орзу. Охир, гуфтам ку, бо падаратон танҳо мондан... ғайриимкон аст. Ман метарсам...,- Гулноза дастони шавҳарашро маҳкам фишурда, афзуд:
- Мо он касро танҳо намегузорем. Тез-тез аз ҳолашон хабар мегирем. Хонаи пиронсолон барои хусурам беҳтарин ҷой аст.
***
Орзу аз хонаи пиронсолон омадан замон аз кисааш мактубро гирифт. Курсиро пеш кашида нишасту лифофаро кушода, номаро гирифту хонд:
- Салом Умедҷон, писари азизам! Чӣ ҳол дорӣ? Умедворам ҳамроҳи фарзандонат хушбахту хушҳолу сариҳол зиндагӣ доред.
Ман ҳам хубам. Баъди гирифтани табобат дар хонаи истироҳатие, ки овардӣ, ҳолам боз беҳтар шуд. Дигар дарде маро ранҷ намедиҳад. Вале таҳаммули дурӣ аз туву аз наберагонам бароям рӯз аз рӯз мушкил шуда истодааст.
Писарам, даҳ сол мешавад, ки ман аз ту дурам. Барои падар фироқи фарзанд баробар ба марг будааст. Зиндаҷудоӣ маро мекушад. Ба ҳеҷ кас чунин рӯзро раво намебинам.
Умедҷон, лоақал рақамҳои телефонатро медоштам, як-як занг зада, аз ҳолат бохабар мешудам, дилам ором мегирифт.
Писарам, чаро барои хабаргириям намеоӣ? Аз ман ранҷидаӣ?
АРДАШЕР