Аз 7-уми августи соли равон хонадагони синфи 1-ум давраи мутобиқшавӣ ба муҳити муассисаи таълимро оғоз мекунанд ва он то 18-уми август давом меёбад. Дар ин бора фармоиши вазири маориф ва илм имзо шудааст.
Маркази матбуоти вазорат навиштааст, ки давраи мутобиқшавии хонандагони синфи 1-ум ба муҳити муассисаи таълимӣ барои соли таҳсили 2023-2024 аз 07.08.2023 то 18.08.2023 ба муҳлати 10 рӯзи таълимӣ муқаррар карда мешавад. Акнун хонандагони синфи якум дигарбора 1 моҳ давраи мутобиқшавиро намегузаронанд.
Ҳамзамон, вазорат ба сардорони Сарраёсати маорифи шахри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш додаааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимиро тибқи муқаррароти Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ амалӣ намоянд.