arzon replenishment
“Мусофир”баъди 12 соли интизорӣ пайдо шуд
2229

 

Оҳанги овозадори Маҷид Харротҳо «Мусофир» баъди 12 соли интизории мухлисон субҳи имрӯз нашр шуд. Дар телеграм ва инстаграми расмии ин сароянда оҳанг аз ҷониби мухлисон хуб пазируфта шуд.
Маҷид Харротҳо 36 сол дорад, вале бо вуҷуди мушкилоти зиёди дар зиндагӣ ба сараш омада аз роҳи интихобкардааш пас нагашта, билохира бо талошҳои зиёд дар ҷодаи санъат муваффақ гашт.


Акнун ин ҳунарманди булбуловозро натанҳо дар Эрон дӯст медоранд, балки кулли мардуми форсизабони дунё ошиқи ҳунараш ҳастанд. Мухлисони ҳунари Маҷид дар кишвари мо низ кам нестанд. Ҳанӯз нӯҳ сол қабл Маҷид Харротҳо ба Тоҷикистон ташриф оварда буд ва мардуми ҳунардӯсти тоҷик ин ҳунарманди шӯҳратёрро хеле гарм пазирӣ намуданд.

Сарояндаи ҷавони тоҷик Фаридуни Хуршед ҳамчун рамзи эҳтиром ба ҳунари ин сарояндаи машҳур маҳз ҳамин оҳанги Маҷидро копияхонӣ кард ва ин тарона яке аз беҳтарин сурудҳои сол гашта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД