Formula september
Мусобиқаҳои варзишӣ дар Ховалинг
885

Дар Ховалинг бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол санаи 25-уми май як қатор мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гаштанд.

Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ, ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни спорт ва бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар дили мардум бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол санаи 25- май дар Ховалинг мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, шашка, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва аспдавонӣ гузаронида шуданд.

Дар мусобиқаи футболи хурд 12 даста байни ҳам рақобат намуда, ҳар кадом барои гирифтани ҷойи аввал маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.

Дар мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот, ки байни хонандагони мактабҳои миёна доир гашт, дар намуди шашка зиёда аз 70 нафар ва дар мусобиқаи шоҳмот беш аз 60 нафар иштирок намуда, қобилиятҳои зеҳниву фикрии худро нишон доданд.

Ғолибони ин мусобиқаҳо бо медал, Сипоснома ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД