Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Хуросон
Дар ноҳияи Хуросон бахшида ба Иди Наврӯз мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гашт. Ин чорабинии варзишӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва соҳибкорони бонангу номуси ин ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гашта, дар мусобиқа паҳлавонони Ҷумҳурии Узбекистон низ иштирок доштанд.
Паҳлавонони тоҷик Ғазалшои Давлатшо, Исроил Раҳимов, Ҳақназар Назаров, Саидмумин Файзов, Қоим Шукронов, Муҳаммадисо Раҷабов, Ҳамроз Раҷабов, Сайраҳмон Расулов, Шаҳриёр Азизов, Зиёдулло Неъматов, Улуғбек Раҳимов, Хурсандмурод Алиев, Бобо Неъматов, Эрназаров Маҳмадамин, Муқдадири Бобоҷон, Раҳмоналӣ Азизов, Хаёмиддин Ҷабборов, Умар Шеров, Хурсандқул Куганов ғолиб омада, соҳиби туҳфаҳои арзишманд, аз қабили Шоҳҷоиза, мошини сабукрав, маблағҳои калони пулӣ, қолин, бузу гӯсфанд, гов ва дигар туҳфаҳо гаштанд.
Барои шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Хуросон насиби ду паҳлавон- Ғазалшои Давлатшо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бектемур аз Ҷумҳурии Узбекистон давоми як соат рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд. Бо ризоияти ташкилкунандагони мусобиқа Шоҳҷоиза ба ҳарду паҳлавон ҳадя гардид