4-5 октябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81кг, 90 кг, 100 кг, +100кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57кг ва - 63 кг доир мегардад.
Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд. Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ: ҷойи якум - 27 500 сомонӣ, ҷойи дуюм - 16 500 сомонӣ ва ду ҷойи сеюм бо 11 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавад, ки 19-20 сентябри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд.
Дар рӯзи охири Мусобиқаи 9-уми байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Хуҷанд рақобатҳо аз рӯи 3 вазн ( -90 кг, -100 кг ва +100 кг) доир шуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо аз соли 2013 инҷониб доир мешавад.