Марг заҳрест, ки хурду бузург ва шоҳу гадо онро баробар мечашанд. Бераҳм аст аҷал, на ба дарвешубенаво шафқат мекунад, на ба шахсони машҳур ва дорову сарватманд. Вақте паймонаи умри инсон пур шуд, хоҳ-нохоҳ аз ин саройи дудар бояд бадар шавад.
Президенти Туркманистон Қурбонқули Бердимуҳаммадов имрӯз мотам дорад. Панҷаи бераҳми аҷал ба гиребони падари президент панҷа зада, риштаи ҷонашро барканд.
Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов, падари президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов санаи 18-апрел дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз марги қиблагоҳаш сахт андӯҳгин буда, имрӯзҳо мотам дорад.
Президинти Туркманистон падарашро идеали худ дар зиндагӣ номида гуфтааст:
"Роҳи омӯзандаи роҳнамои ман бароям омӯзанда буд, тарзи зиндагии вай - бароям идеал, донишгоҳи ҳаётӣ буд..."
Сабаби марги падари президент ва ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест.
Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов 12-уми августи соли 1932 дар деҳаи Бирлешик-1 ноҳияи Геоктепини Туркманистон ба дунё омада, дар соҳаҳои гуногун фаъолият намудааст. Падари президент корро аз китобхона оғоз намуда, баъдан ба сифати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти туркман кор мекунад ва пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба соҳаи низомӣ ва умури дохила мегузарад.
Дар Туркманистон медале бо номи Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов таъсис шудааст.