Дар шаҳри Фос-ду-Игуасу Бразилия марҳилаи аввали Ҷоми ҷаҳонии бокс дар соли 2026 оғоз гардид. Дар рӯзи якуми мусобиқа Тоҷикистонро Муродҷон Ашуралиев ва Дамир Муйбалихонов намояндагӣ карданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Дамир Муйбалихонов дар вазни 60 кг дар даври аввал бо намояндаи Руминия Андрей Валентин Гавае қувваозмоӣ намуд. Дар ин рақобат ҳарду муштзан дар ринг фаъол буда, зарбаҳои ҳадафрас доштанд. Дар поёни рақобат бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯзӣ ба Андрей Валентин Гавае дода шуд. Муйбалихонов аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Муродҷон Ашуралиев дар вазни 70 кг дар даври аввал бо намояндаи Руминия Даниел Адриан нерӯсанҷӣ намуд. Дар ин сабқат бартарӣ комилан ба ҷониби муштзани мо буда, ҳама кӯшишҳо ва зарбаҳояш ҳадафрас буданд. Ҳамин тавр, бо қарори якдилонаи доварон пирӯзӣ бо ҳисоби 5:0 ба Муродҷон дода шуд. Бо ин ғалаба муштзани мо ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Имрӯз муштзани дигари мо Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни 55 кг дар даври аввал бо намояндаи Лаҳистон - Николас Павлик нерӯ месанҷад. Оғози рақобат соати 21:00 ба вақти Душанбе аст.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали Ҷоми ҷаҳонии бокс 20-уми апрел оғоз шуда, то 26-уми апрел дар шаҳри Фос-ду-Игуасу Бразилия идома меёбад. Мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор шуда истодааст. Дар мусобиқа 400 муштзан аз 54 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.
Ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистонро Меҳроҷ Суфиҷонов (55 кг), Дамир Муйбалихонов 60 кг, Муродҷон Ашуралиев (70 кг) ва Рамоил Қурбонов (80 кг) дар ин мусобиқа ташкил медиҳанд. Мураббӣ Асомиддин Бурҳонов ҳайати мунтахаби бокси кишварро дар мусобиқа ҳидоят мекунад.
Қобили зикр аст, ки мусобиқа силсилаи семарҳилавиро, ки аз ҷониби World Boxing ташкил карда шудааст, ифтитоҳ кард. Марҳилаи дуюми мусобиқа моҳи июн дар Чин баргузор мешавад ва пас аз он ҳашт муштзани беҳтарин дар ҳар як вазн ба силсилаи ниҳоӣ, ки моҳи ноябр дар Тошканди Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст, роҳ меёбанд.
Бар асоси натиҷаҳои ҳар се марҳила, рейтинги ҷаҳонии бокс муқаррар карда мешавад. Интизор меравад, ки ин рейтинг дар раванди интихобии олимпӣ барои Бозиҳои олимпии соли 2028 нақши муҳим хоҳад дошт.