Вазири муҳтарам! Шаҳр пу аз “клапи” шудааст, чӣ кор кунем?- Ин яке аз саволҳои баҳсбарнгез дар нишасти хабарии вазири тандурусӣ буд, ки аксари журналистон барои ҳалли ин мушкилӣ ҳамовозӣ карданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии иҷтимоии ҶТ гуфт:
“Кормандони мо гардишҳоро сари ҳар вақт анҷом медиҳанд, вале дар ин масъала аз тарафи шаҳрвандон ё сокинони ягон минтақа то имрӯз ягон муроҷиат ба вазорати тандурустӣ нашудааст. Вазорати мо оиди ин масъла албатта чораҳои зарурӣ меандешад!”
Абдуллозода худи ҳамон лаҳза ба шахсони мутасаддӣ супориши қатъӣ дод, ки мушкилиро ҳал намуда, то бегоҳ ба вазир ҳисобот диҳад.
Вазири тандурустӣ ҳамкории ВАО-ро барои баратраф кардани мушкилиҳои соҳа зарурӣ хонда, таъкид намуд, ки шаҳрвандон метавонанд барои ҳалли масъалаҳое, ки ба вазрати тандурустӣ алоқамандӣ дорад, бидуни ягон мамоният ба телефон боварии вазорат 221-18-35 занг зананд