Arzon march 2024
Мушакпарронӣ ба ифтихори меҳмони олиқадр
378

Чанд лаҳза қабл Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе шуд. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар зимни суҳбат бо "Oila" хабар дода, гуфт, Амири ин кишвар ҷиҳати ширкат дар расми кушодани масҷиди калонтарини Тоҷикистон, ки бо сармоягузории Қатар бунёд шудааст, ба кишвари мо ташриф овардааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар назар аст, ки Сарвари давлат меҳмони олиқадрро қабул карда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ хоҳанд намуд.

"Дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе Амирро Маҳмадтоир Зокирзода, раиси палатаи поёнии парлумони кишвар ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд", - гуфт манбаъ.

Ба ифтихори ташрифи меҳмони фахрӣ дар шаҳри Душанбе мушакпаронӣ (салют) доир шуд.

Инчунин, хонед:

МАСҶИДИ КАЛОНИ ДУШАНБЕ КУШОДА МЕШАВАД

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, имрӯз соати 16:00 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Қатар дар расми ифтитоҳи масҷиди калонтарини Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД