Formula novemver 2024
Масҷиди калони Душанбе кушода мешавад
393

Имрӯз, соати 16:00, бо иштироки ҷониби Тоҷикистон ва Қатар Масҷиди калонтарини Тоҷикистон кушода мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Oila" хабар дод.

Як манбаи дигар аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар зимни суҳбат бо "Oila" гуфт, баъд аз нисфирӯзии имрӯз ҳайати Қатар таҳти роҳбарии амири ин кишвар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ вориди Душанбе мешаванд. Тибқи иттилои ин манбаъ, дар назар аст, ки Сарвари давлат меҳмони олиқадрро қабул карда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои як манбаи дигари "Oila" аз Шӯрои уламои кишвар, имрӯз дар расми кушодашавии масҷиди нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки масоҳати масҷид 12 гектарро ташкил дода, он аз ҷойи намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

МАСҶИДИ КАЛОНТАРИН ДАР ТОҶИКИСТОН КУШОДА МЕШАВАД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД