arzon replenishment
Муроҷиат ба тоҷирону соҳибкорон дар моҳи Рамазон
03.03.2025
Oila.tj
374

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як муроҷиат ба тоҷирону соҳибкорон хоҳони нигоҳ доштани мувозинати нархи молу маҳсулот гардид.

- Моҳи шарифи Рамазон моҳи баракат, хайру сахо ва фурсате барои иҷрои амалҳои савоб ба шумор меравад. Дар ин моҳ ҳамагон талош менамоянд, то ки ба мардум нафърасон бошанд. Вале, як зумра шаҳрвандони фурсатталабе ҳастанд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ, аз ниёзмандии мардум истифода бурда, нархи маҳсулоти хӯроквориро гарон мекунанд. Ин амали баъзе аз тоҷирон воқеан хилофи шариат ва берун аз ахлоқи инсонист. Вобаста ба ин, кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор, бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал, санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Вале ин омили номатлуб ҳанӯз ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронист,- аз ҷумла омадааст дар муроҷиат.

Бо назардошти ин, аз ҳамаи тоҷирону соҳибкорон даъват карда шудааст, ки “мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд. Дар акси ҳол, дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳад шуд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД