arzon replenishment
Мурғи дилам мурдааст
2326

Салом! Замира ҳастам, як ҷавонзани ба гирдоби ғаму дард ғӯтидаи тоҷик, ки ниёз ба маслиҳат ва роҳнамоии шумо-хонандагони сомонаи “Оила” дорад.

Ману шавҳарам ҳамдигарро дўст дошта, бо ишқу маҳаббат хонадор шуда будем. Зиндагиамон ба мисли шаҳду шакар ширин буд, вале хушбахтиамон дер давом накард.

Шавҳарам ба Русия мардикорӣ рафту аз байн шаш моҳ нагузашта, аз ошёнаи ҳафтум афтида мурд. Ҷавонмарг шудани шавҳари меҳрубонам маро бе корд кушт.

Вақте ки ҷисми беҷонашро дар тобути оҳанин ба хона оварданд, фиғонам ба фалак печида, дунё дар назарам тираву тор гашт. Худамро рӯйи тобути азизи дилам партофта, бо ашки шашқатор зорӣ кардам, ки моро ҷудо накунед, вале тақдири бераҳмро тадбир набуд.

Шаҳбачаи ормонии маро ба хок супурданду орзуву ҳавасҳои дилам низ бо хоки сияҳ яксон гаштанд. Мурғи дилам бо марги шавҳарам мурда, дигар ҳеҷ дилгармие ба зиндагӣ надорам.

Аз байн аллакай се сол гузаштааст, аммо ёди шавҳари зебою ҷавонмаргам ҳатто як лаҳза ҳам маро тарк намесозад. Ҳамеша зиндагии ширинамонро ба хотир оварда, ашк мерезам.

Волидонам мудом маро насиҳат мекунанд, ки “ту ҳоло ҷавонӣ, шавҳарат ҷавонмарг шуд, вале сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад, дубора шавҳар карда, аз паси зиндагиат шав”, вале суханони онҳо ба дилам мисли ханҷар мехалад.

Азбаски ҷавон ҳастам, талабгоронам бисёранд. Ҳафтаи гузашта низ марде маро хостгор шуд ва ваъда дод, ки бароям хонаи алоҳида харида, маро хушбахт мекунад.

Волидонам маҷбур карда истодаанд, ки ба никоҳ розӣ шавам. Байни дуроҳаи қисмат зору ҳайрон монда, чӣ кор карданамро намедонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Хокинг Рашида 2023-09-19, 08:58
Дилут бичир бичир дораду… занак маьнора хичи фахмидан нмешава… шукун боши шу кун охи, набоши наку. Мешини хозир ки кай мардум маслахатут мета…
Посух
Фотимабону 2023-09-20, 09:26
Хоҳари азиз! Падару модар як умр да баратон намемонанд, аз танҳо мондан шавҳар карданатон беҳтар мешавад, боз фарзанддор шуда ғамҳоятонро фаромуш мекунед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Хокинг Рашида 2023-09-19, 08:58
Дилут бичир бичир дораду… занак маьнора хичи фахмидан нмешава… шукун боши шу кун охи, набоши наку. Мешини хозир ки кай мардум маслахатут мета…
Посух
Фотимабону 2023-09-20, 09:26
Хоҳари азиз! Падару модар як умр да баратон намемонанд, аз танҳо мондан шавҳар карданатон беҳтар мешавад, боз фарзанддор шуда ғамҳоятонро фаромуш мекунед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД