Маҳсулоти лозима:
500 г гӯшти лаҳми мурғ, 450 г ананаси очонидашуда, 200 г панири сахт, 150 г майонез, намаку мурч.
Гӯшти мурғро тунук бурида, бо табарча лат занеду ба он намаку мурч ва дигар адвияҳои хуштамъкунандаро илова кунед.
Баъдан гӯштро ба лаълии тафдон гузошта, ба рӯяш майонез молед. Баъди майонез ананаси резашударо илова карда, дар охир панири аз турбтарош гузаронидашударо аз рӯяш пошед.
Хӯрокро дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 30-35 дақиқа пазед.