Дар минтақаи мо дар болои сари маит, дар қабр дар як варақ соли таваллуд, солшумории он ва чӣ қадар умр дидааст, навишта мешавад.
Фаҳмидан мехостем, ки оё чунин амали моро ислом қабул дорад?
Гуландом, хонандаи “Оила”
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Аз нигоҳи мазҳаби имом Абуҳанифа барои анҷом додани чунин корҳо ягон дастур дода нашудааст. Барои он ки инсон ҳар кореро, ки дар тӯли умри худ ба анҷом расонидааст, аллакай ҳамаашро Худованд ва фариштаҳо медонанд.
Дар ин масъала навиштани ягон хел маълумотнома ҳоҷат нест. Аз маит ҳамон аъмоле, ки дар давоми зиндагиаш сарф кардааст, пурсида мешавад.