Одам баъди фавтидан супурдан мурданашро мефаҳмад ё не? Агар фаҳмад, пас кай ва чӣ хел мефаҳмад, ки мурдааст?
Хайриддин Лаълов,
н. Варзоб
Дар аҳодис омадааст, ки вақте марги инсон наздик мешавад, ба ӯ макони охираташро нишон медиҳанд, хоҳ ҷаннатӣ бошад, хоҳ дӯзахӣ, сипас руҳашро қабз мекунанд.
Одамӣ пеш аз вафоташ аз марги худ бохабар шуда, баъди ҷон ба ҷонофарин супурдан низ ҳамаи ҳолатҳои инсонҳои зиндаро мебинаду мешунавад ва сухан мегӯяд, аммо ҳеҷ кас ӯро намешунавад.