Салом! Вақтҳои охир хобҳои парешон мебинам. Як хеши бахилу ҳасуд доштем. Ҳангоми зинда буданаш вай ҳамеша ба ман ҳасад мебурд, маро чашми дидан надошт, мудом дар ҳақам душманӣ мекард. Як сол пеш Аллоҳ ҷонашро гирифт. Як ҳафта мешавад, ки қариб ҳар шаб ҳамон хешамон ба хобам даромада, маро таъқиб мекунад. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам. Рост аст, ки мурда касеро дар хобаш таъқиб кунад ба ягон фалокат гирифтор шуда мемирад?
САИДҶАЪФАР, ш. Кӯлоб
Посух:
- Бародари азиз! Тарсу ҳаросро аз дилатон берун намоед. Чунин хобҳои бад аз ҷониби шайтон аст. Бо ҳамин роҳ қувваҳои бадӣ мехоҳанд дар дили инсон ҳисси навмедӣ ва тарсу ҳароси маргро ҷойгир намуда, ҳаёти осоиштаи ӯро халалдор созанд. Одами мусулмон набояд ба чунин хобҳо бовар кунад.
Дар масъалаи таъбири хобатон бошад, ҳаминро гуфтанием, ки мувофиқи хобномаҳо аз паси кас давидан ва ӯро таъқиб намудани мурда дар хоб нишонаи сар задани баъзе мушкилиҳо дар ҳаёти шахси хобдида мебошад, на рамзи сар задани фоҷиаю марги одами хобдида. Мурда ҳангоми таъқибкунӣ пешпоӣ хӯрда афтад ва шуморо дарёб карда натавонад, бо мушкилӣ бошад ҳам, душвориҳои пайдошударо ҳал мекунед ва ғолиб мебароед.
Дар хоб мурда бо хашму ғазаби зиёд касро занад ё ба вай ягон зиён расонидан хоҳад, дар ҳаёташ шахси бахил ва ҳасуде пайдо шуда, дар сари роҳ ӯ чоҳ кандан мехоҳад. Шахси хобдида бояд тамоми иродаи худро ҷамъ намуда, бо душмане, ки бо ҳиллаву найранг обрӯӣ ӯро дар байни мардум резонданист ё мехоҳад, ки ё ба вай ягон зиён расонад, мубориза барад.
Кас хоб бинад, ки мурда ба вай ҳамла карда, даст, пой ё ягон узви дигарашро канда гирифтааст, бояд ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳад, зеро чунин хоб аз мариз шудани шахс дарак медиҳад.
Таъбири хоб ба шахсияти хобдида низ вобастагӣ дорад, масалан марди бо тиҷорат ё пулу мол сарукордошта хоб бинад, ки мурдае ӯро таъқиб намуда, аз пасаш давида истодааст, кораш барор гирифта, шартномаи муфиде мебандад, ки даромади калони молиявӣ медиҳад. Духтари муҷаррад чунин хоб бинад, аз ошиқаш ҷудо шуда, бо марди сарватманде издивоҷ мекунад. Зани ҳомила хоб бинад, ки мурда аз пасаш давида истодааст, маълум мешавад, ки вай аз саломатии тифли дар батнаш буда сахт хавотир аст. Зани шавҳардор чунин хоб бинад, бо мушкилоти оилавӣ рӯ ба рӯ мегардад.
Умуман, вақте ки ягон хоби бад мебинад, инсон бояд се бор ба тарафи чапаш туф кунад ва (се бор) аз шайтон ва аз шарри он чизе, ки дар хоб дидааст, ба Аллоҳ паноҳ бибарад, сипас ба паҳлуи дигараш бихобад, он гоҳ ин хоб ба ӯ зараре намерасонад. Хоби бадро набояд ба касе нақл кард, зеро дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки паёмбар (с) мефармояд:
«Хоби нек аз ҷониби Аллоҳ ва хоби бад аз ҷониби шайтон аст. Ҳар гоҳ яке аз шумо хоби баде дид, се маротиба ба тарафи чапи худ туф кунад ва се маротиба аз шайтон ва аз шарри он чизе, ки дар хоб дидааст, ба Аллоҳ паноҳ бибарад, сипас ба паҳлӯи дигараш бихобад. Он гоҳ ин хоб ба ӯ зараре намерасонад. Ва он хобро ба касе нақл накунад. Агар хоби нек бубинад, Аллоҳро ҳамду сано бигӯяд ва онро ба касе, ки дӯсташ дорад, нақл бикунад».