Маҳсулоти лозима:
1,5 кг каду, 900 грамм шакар, 2 афлесун.
Тарзи таҳия:
Кадуро реза карда, ба он афлесуни маҳин резашударо бо шакар илова карда, нағзакак омезиш диҳед. Баъди 40 дақиқа кадуи бо шакар омехташуда об ҷудо мекунад, онро ба рӯи оташи миёна гузошта, баъди ба ҷӯш омаданаш, 40 дақиқа ҷӯшонед. Баъдан онро хунук кунонед. Сипас боз 40 дақиқа ҷӯшонеду бори сеюм 20 дақиқа ҷӯшонед. Мурабборо ба бонкаҳо бардошта, гарм печонеду то пурра хунук шуданаш нигоҳ доред.