Маҳсулоти лозима:
1 кг қулфинай, 200 грамм шакар.
Тарзи таҳия:
Меваҳоро аз думчааш тоза кунед. Қулфинайро дар оби зиёд шуста, обашро хушконед ва онро дар зарфе, ки мураббо мепазед, андохта, аз болояш шакар пошеду дар ҷои салқин 8–10 соат нигоҳ доред.
Зарфи қулфинайдорро дар оташи паст гузошта, то ҷӯшонидан расонед. Кафки болои мурабборо гирифта, зуд-зуд зарфи мурабборо такон диҳед. Мураббои ҷӯшидаистодаро боз 5 дақиқаи дигар ҷӯшонед. Ҳамагӣ мураббо бояд 40 дақиқа дар болои оташ истад.
Бонкаҳоро нағзакак шуста, дар бӯғ тамиз кунед. Мурабборо гармогарм дар бонкаҳои гарм андохта, баъди хунук шуданаш дар ҷои хунук нигоҳ доред.