toyota motors
Мураббии серҷоиза Мирча Луческу дар 80-солагӣ даргузашт
10.04.2026
Oila.tj
23

Собиқ сармураббии бошгоҳҳои “Зенит”, “Шахтёр”-и Донетск ва “Интер” - Мирча Луческу дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора шабакаи телевизионии Antena 3 CNN бо истинод ба беморхонаи донишгоҳии шаҳри Бухарест хабар додааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Луческу дар охири моҳи март пас аз ҳуш рафтан дар тамрини тими миллии Руминия бистарӣ шуд. Рӯзи 2-юми апрел ӯ аз вазифаи сармураббии мунтахаби кишвар истеъфо дод. Баъдан мураббӣ сактаи шадиди дилро аз сар гузаронд ва бинобар бад шудани вазъи саломатӣ ба комаи сунъӣ ворид карда шуд. Сабаби маргаш сактаи сершумори дил пас аз шикасти Руминия бо ҳисоби 1:0 аз Туркия дар плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 буд.

Дар давоми фаъолияти худ Луческу дастаҳои зиёдеро роҳбарӣ кардааст, аз ҷумла “Пиза”, “Брешиа”, “Реҷана”, “Галатасарай”, “Бешикташ”, “Динамо”-и Киев ва дигар бошгоҳҳои маъруф. Дар сатҳи мунтахабҳо бошад, бо дастаҳои миллии Руминия ва Туркия кор кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД