Мушоҳидаи шаҳрванд Сайфиддин Расулов, ба шабакаҳои иҷтимои роҳ ёфт, ки аз қоидавайронкунии ронандаи автобуси хатсайри №55 қисса мекард.
Санаи 16 июли соли ҷорӣ аз ҷониби ронандаи хатсайри автобуси №55, ки зимни фаъолияти мусофирбарӣ дар хатсайр бо телефони мобилӣ суҳбат намуда, қоидахои ҳамлу нақли мусофирбарӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ риоя нашудааст, омадааст, дар хабари Мдк Душанбенақлиётхадамотрасон.
Гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти дар пойта пайваста корҳои зиёди амали андешида мешавад. Аммо бо вуҷуди ин хама пешравиҳо дар соҳа аз чониби баъзе аз ронандагон дидаю дониста дар аксар ҳолат қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирбарӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ риоя нагардида, норозигии мусофиронро вобаста ба хизматрасонии нақлиёти дар пойтахт ба миён меорад.
Тибқи супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба ҳолати ҷойдошта аз ҷониби роҳбарияти ККВД "Автобус-3"-и шаҳри Душанбе, ки хатсайри мазкур ба ин корхона вобаста гардидааст нисбати ронандаи хатсайри автобуси №55, рақами қайди давлатиаш 2838тт09, Хотамов Аъзам Акобирович дар асоси бандхои дахлдори шартномаи ҳамкори, ҷкарда шуда, ронандаи мазкур муҳлати 5 рӯз аз фаъолияти мусофирбарӣ боздошта шуда, ҳамзамон огоҳӣ дода шудааст, ки дар сурати такроран ба чунин камбудиҳо роҳ додан шартнома якҷониба қатъ карда мешавад.
Инчунин ба шахсони масъули корхона супориш дода шудааст, ки назоратро дар хатсайри мазкур вобаста ба фаъолияти ронандагон пурзӯр намоянд.