arzon replenishment
Муҳориҷони ихроҷшударо баргардониданд
1635

Қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қарори ихроҷашон аз Русия содир шуда буд ва дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав дармонда буданд, ба Ватан бозгардонда шуданд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ дар такя ба хабарномаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ додааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав шоми 3-юми январ дар хабарномае гуфт, бо ширкатҳое, ки ин афродро ба Русия оварда буданд, гуфтугӯ карда, қисми зиёди онҳоро ба Ватан бозгардондаанд.
"Масъалаи баргардонидани мусофирони боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Федератсияи Россия қарор дорад",-омадааст дар хабарномаи Сафорат.
Масъулини Сафорат нагуфтаанд, ки аз миёни муҳоҷирони бандмонда чанд нафарашон дубора ба Тоҷикистон рафта, чанд нафари дигар то ҳоло дар фурудгоҳ ҳастанд.
Мақомоти Русия то ҳол ин ҳолатро шарҳ надоданд, вале муҳоҷирон мегӯянд, аксари онҳоро бе далел аз ин кишвар ихроҷ доранд. Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, қабл аз сафар ба Русия ному насабашонро дар Тоҷикистон барои иҷозати вуруд тафтиш намоянд. Банд мондани муҳоҷирони ихроҷшуда дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав, санаи 1 январ расонаи гашт ва онҳо гуфтанд, ки бо далелҳои номаълум дар фурудгоҳ дармондаанд.

Наздики 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз Русия ихроҷ шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бар инанд, ки дар аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистонро бе ягон қонуншиканӣ ва бо баҳонаҳои ночиз ихроҷ мекунанд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД