arzon replenishment
Муҳоҷиронро “депортатсия ” карда, шахсони душаҳрвандӣ доштаро ба ҷанг мебаранд?
1175

Кормандони мақомоти пулиси Федератсияи Россия, ки амалиёти “Нелагал” –ро гузаронида, дар мавзеъҳои будубоши муҳоҷирон санҷишу тафтиш мегузаронанд, боз як “иқдоми нав”-и иловагӣ ҷорӣ намуданд.

Минбаъд рейдҳо барои ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо "огаҳсозии иловагӣ" дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ якҷоя гузаронида мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни як рейди ахир дар анбори сабзавоти Софияи Санкт-Петербург нозирон чанд муҳоҷири қонуншиканро муайян карда, ҳамчунин беш аз 100 нафар зодагони кишварҳои хориҷиро, ки аллакай шаҳрвандии Русияро дарёфт карда буданд, ошкор намуданд.

"Қариб ҳамаи онҳо барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ба комиссариати ҳарбии ноҳия оварда шуданд", - омада буд дар шаҳри Вазорати корҳои дохилии Россия.


Ҳамин тавр, шаҳрвандони хориҷие, ки тартиби вуруд ва буду бош дар қаламрави Федератсияи Русияро риоя накардаанд, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки талаботҳои қонунгузории меҳнати ин кишварро вайрон карда, бидуни патент, иҷозати кор ва дигар ҳуҷҷатҳои лозима ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудаанд ва дар рафти ин амалиёт ошкор карда мешаванд, аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ, яъне “депортатсия” карда шуда, мардони душаҳрвандӣ доштае, ки синну солашон ба даъват ба хизмати ҳарбӣ мувофиқ аст, барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба қайд гузошта мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки синну соли даъват ба аскарӣ низ дар Россия боло бурда мешавад. Тибқи тағйиротҳое, ки ба қонунгузории Федератсияи Россия ворид карда шудаанд, аз 1-уми январи соли 2024 шаҳрвандони синну солашон аз 18 то 30-сола ба хидмати ҳарбӣ даъват карда шуда, муҳлати дар захираи эҳтиётӣ мондани онҳо ҳамчун ӯҳдадор ба хидмат 5 сол зиёд мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД