Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон қонунҳои нави муҳоҷиратии Федератсияи Россияро ба шахсоне, ки бо мақсади дарёфти кор ба ин кишвар сафар кардан мехоҳанд, меомӯзад.
Бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба сафар омода кардани муҳоҷирони тоҷик кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро дар байни насли ҷавон, ки муҳоҷирони эҳтимолӣ маҳсуб меёбанд, пайваста вусъат медиҳад.
Аз ҷумла Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо муҳоҷирони оянда чунин суҳбати судмандро доир намуд.
Зимни мулоқот роҳҳои қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, кормандони ин ниҳод дар бораи қонунҳои нави муҳоҷиратии Федератсияи Россия, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шеваи муносибат бо мардуми маҳаллӣ ва нозукиҳои дигари будубош дар ин кишвар маълумот доданд.
Масъулин таъкид намуданд, ки барои гирифтани машварати ройгон ва ҳалли масъалаҳои дигари ба муҳоҷират алоқаманд ба Хадамоти муҳоҷират, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад 71 воқеъ гаштааст, муроҷиат намоянд.
Чунин сӯҳбату мулоқотҳои омӯзанда дар минтақаҳои дигари кишвар низ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, кормандони бахши хадамоти муҳоҷират дар Панҷакент дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо мулоқот намуда, мавзӯъҳои муҳими раванди муҳоҷират- пешгирии шомилшавии муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таълимоти ғайрирасмии динӣ, муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ зӯроварӣ дар оиларо мавриди баррасӣ қарор дода, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карданд.
Намояндагони бахши муҳоҷират дар шаҳри Бохтар низ бо муҳоҷирон ва аҳли оилаи онҳо чунин суҳбати судманд доир намуда, дар бораи роҳҳои муҳоҷирати қонунӣ, риояи қонунҳои кишвари қабулкунанда, пешгирии савдои одамон ва муқовимат ба экстремизму терроризм маълумот доданд.
Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар сомонаи худ хабар додааст.