Arzon march 2024
Муҳоҷиронро ба додашон расед!
2453

 

“Моро аз дар меронанд, ба куҷо арз кунем, аз кӣ мадад пурсем, дастамонро гиред, илтимос, боз ҳам илтимос бародарон”-омадааст зери шарҳе, ки як муҳоҷири тоҷик дар саҳифаи фейсбуки худ гузошта, аз мардум мадад пурсидааст.

Хабарнигори сомонаи OIla.tj Рустам Азимӣ бо худи ин муҳоҷири тоҷик дар иртибот шуда, аз вазъи имрӯзаи зиндагиаш бохабар шуд. Ӯ  Шахриёр Холов ном дошта, ҳамагӣ 24 сола дорад. Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, ки чор нафар дар як иҷора дар шаҳри Коломнаи Русия истиқомат мекунанд. Азбаски ҳама ҷо карантин ва ба муҳоҷирон иҷозати аз дар баромадан нест, наметавонанд, маблағи иҷораро сари вақт супоранд. Соҳибхона маблағро талаб карда, бо таҳқиру дашном онҳоро ором нагузошта истодааст. "Охир, чӣ кор кунем, карантин набуд, ин хел хору дастнигар намешудем. Русҳо мисли мо мусулмон нестанд, ки савобу самараро донанд. Онҳо баръакс аз гиряву зории мо хурсанд гашта, ҳар гуна суханҳои қабеҳ мегӯянд. Падару модарамон ҳайрону зор, бо пули мо зиндагиашон пеш мерафт, акнун чӣ кор меарда бошанд? Маълум нест, ки моро чанд моҳ карантин гуфта, ба кор рафтан намемонанд. Дардамонро худамон медонему Худо. Моро пеш кунанд, дар кӯча мемонем ва аз ин каронавируси лаин сироят меёбем. Хоҳиш мекунам, дастамонро гиред, иншоаллоҳ зинда монем, кӯмакатонро бармегардонем!”.

 

 

Шаҳриёр Холов ягона муҳоҷир нест, ки аз надоштани маблағ ва ё хӯрока шиква карда бошад. Чунин муҳоҷирони дучори мушкилӣ, хеле зиёд ҳастанд ва бо саховатмандии дигар муҳҷоирони Русия дастгирӣ ёфта истодаанд. Мо умед мебандем, ки ба Шаҳриёр ва рафиконаш дар ин рузҳои тангдастӣ кӯмаки хешро дареғ намедоред!

Барои кӯмаку дастгирӣ, метавонед ба рақамҳои Вотсапи 89777815242 дар тамос шавед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД