Arzon march 2024
Муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Маскав заҳролуд шудаанд
540

Дар шаҳри Маскав 50 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ӯзбек пас аз истеъмоли хӯрок заҳролуд шудаанд. Дар ин бора Vesti.ru хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамаи 50 нафар заҳролудшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон будаанд, ки дар як сохтмон дар комплекси манзилии «Обручева 30» кор мекардаанд.

Коргарони ин сохтмон баъди хӯрдани гӯшти мурғ ва шӯрбо заҳролуд шудаанд. Гуфта мешавад, ки 5 нафар муҳоҷирони заҳролудшуда дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Хӯрок аз ҷониби корфармо ба кормандон дода шудааст, вале маълум нест, ки онҳо аз гӯшти мурғ заҳролуд шудаанд ё аз шӯрбо.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД