Arzon march 2024
Муҳоҷирони тоҷикро ба Урал мебаранд
453

Ҷониби Тоҷикистон ва Русия масъалаи ҷалби муттахассисони баландихтисоси соҳаи сохтмонро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба сохтмонҳои муҳим дар минтақаи Урал баррасӣ намуданд.

Зимни вохӯрии Зафар Саидзода, Консули генералии ҷумҳурӣ дар Екатеринбург бо сарвари Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонӣ ва истеҳсолӣ Алишер Тоҷиев ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки минбаъд дар таъмини муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо ҷойи кор дар бахши сохтмон саҳми худро мегузоранд.

Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, масъалаи васеъ намудани доираи ҳамкориҳо бо ширкатҳои сохтмонии округи Урал барои дарёфти ҷойҳои муносиби корӣ баҳри муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ҷабли муттахассисисони баландихтисос аз Тоҷикистон ба корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафҳо ҳамчунин масъалаи ҷабли муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба обектҳои сохтмонии корпаратсияи давлатии "Росатом"-ро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Қарор шуд, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии Консулгарии генералии ҷумҳурӣ дар Екатеринбург ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маркази махсуси тахассусӣ ба фаъолият оғоз намуда, минбаъд масъалаи интихоби муттахассисони баландихтисоси соҳаи сохтмон аз Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани онҳо дар обектҳои сохтмонии маҳалли дар минтақаи Урал дар ин марказ ҳал карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД