Дар сӯхторе, ки ҳафтаи гузашта дар хобгоҳи як ширкати сохтмонӣ дар Русия сар зад, ҳудуди 100 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар ин сохтмон кор ва дар хобгоҳи мазкур зиндагӣ мекарданд, сахт зарар диданд. Сӯхтор талафоти ҷонӣ барҷо нагузошта бошад ҳам, тамоми пулу мол,с ару либос ва ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ба коми оташ рафт, вале...
Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ додааст, ки бар асари сӯхтори ҳафтаи гузашта дар иншооти сохтмонии воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”-и шаҳри Маскав сар зада, 60 муҳоҷири тоҷик молу ашё ва беш аз 17 нафар санадҳояшонро аз даст додаанд. Раҳбари иншооти сохтмонӣ ваъда додааст, ки осебдидагонро бо хобгоҳ, сару либос ва лавозимоти дигари зарурӣ таъмин менамояд. Сафорати Тоҷикистон барқарор намудани ҳуҷҷатҳои нобудшудаи муҳоҷиронро бар дӯш гирифтааст.
Сӯхтори мазкур бо сабаби риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ рӯзи 20-уми октябр сар зада, дар ҳамин иншооте, ки ба коми оташ рафт, беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда буданд.
Маҳина Давлатова