Arzon admin
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия нафақа мегиранд
511

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳуқуқ доранд, ки дар баробари шаҳрвандони Федератсияи Русия аз ин кишвар дар пиронсолӣ нафақа бигиранд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Роҳбари ин ниҳод дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj дар мавриди нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия ва дигар кишварҳо кор кардаанд, гуфт:

- Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия соли 2022 қарордод ба имзо расида буд ва дар асоси ин ҳуҷҷат шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар кор мекунанд, дар қатори шаҳрвандони Русия ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доранд. Нафақа ба муҳоҷирони меҳнатие дода мешавад, ки дар Федератсияи Русия ба таври қонунӣ, дар асоси патент, шартномаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ кор кардаанд.

Зимни ҳисоб кардани нафақа собиқаи кории муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Федератсияи Русия ба назар гирифта мешавад.

Ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, айни замон 900 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Федератсияи Русия нафақа мегиранд. Нафақа вобаста ба макони зист пардохта мешавад. Муҳоҷир ба таври доимӣ дар Русия зиндагӣ кунад, нафақаашро аз ҳамон ҷо мегирад, вале макони доимии зисташ Тоҷикистон бошад, нафақааш ба корти ӯ гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД