arzon replenishment
Муҳоҷирони баргашта ба курсҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд
532

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохилӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар тӯли шаш моҳи соли равон 15403 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан баргашта, аз ин шумора 5533 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассус ва ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ҷавобгӯй гаштани муҳоҷирони ба Ватан баргашта 8811 нафарашон ба тайёрии касбӣ ва курсҳои касбу ҳунаромӯзии калонсолон ҷалб карда шуда, 93 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафаргар гардидаанд.

Дар ин давра ҳамчунин ба 72 нафар муҳоҷирони баргашта барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД